Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним

Май 15, 2016 15:14

Ал-Қувайт, 15.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Ал-Кувайт мулоқоти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Уммаи Давлати Кувайт Марзуқ ал-Ғоним баргузор шуд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои мунисибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

“Мо ҳамкории судманди байнипарлумониро ҳамчун рукни таркибии раванди таҳкими равобити умумии дуҷониба ва таъмини манфиатҳоямон дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ медонем”,-таъкид дошт зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳарду ҷониб аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки равобити муосири сиёсии Тоҷикистон ва Кувайт марҳила ба марҳила сатҳ ва мазмуни воқеӣ касб карда, ҳамкории байнипарлумонӣ қисми муҳим ва таркибии муносибатҳои сиёсии дуҷонибаро ташкил медиҳанд.

Дар мулоқот ба нақши парлумонҳои ҳарду кишвар дар таҳкими равобити дӯстона баҳои воқеӣ дода шуда, барои дар оянда боз ҳам фаъолтар кардани муносибатҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Кувайт таклифу пешниҳодоти судманд баён гардид.

Зимни суҳбати самимӣ ва дӯстона ҳарду ҷониб ҳамзамон доир ба хатару таҳдидҳои нави ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва мусоидат ба раванди таъмини амнияту суботи кишвари Афғонистон табодули афкор намуданд.

Май 15, 2016 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад