Мулоқоти Пешвои миллат бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ

Май 25, 2016 16:31

Душанбе, 25.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх мулоқот кард.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Мамлакати Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат аз ниятҳои неки роҳбарияти сатҳи олии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба густариши муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳори умедворӣ намуд, ки ин қадршиносию таваҷҷуҳи бесобиқа дар оянда ба тавсеа ва рушди робитаю муштаракоти безаволу таърихии ду давлати ба ҳам дӯст мусоидат хоҳанд кард.

Зимни сӯҳбати пурмуҳтаво ва созанда ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба таҳкими муносибатҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла тавофуқоти таъсиси Кумитаи муштараки дӯстии парлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, рушду густариши ҳамкории баманфиат дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маърифат ва фарҳанг, хусусан фаъолгардонии кори Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо бо таъкиди муҳимияти иқдомҳои башардӯстона аз дастгирию кӯмакҳои фаврии ҷониби Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои офатҳои таббиӣ ва идомаи ин тадбирҳои хайрхоҳона аз ҷониби Маркази байналмилалии кӯмакҳои инсондӯстонаи Шоҳ Салмон ёдовар шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз таваҷҷӯҳи пайвастаи Ходими Ҳарамайни Шарифайн Подшоҳ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд ба тавсеаи робитаҳои созандаи миёни кишварҳо, рушди босуботи ҳамкорӣ, аз натиҷаҳои самарабахши сафарҳо ба сарзамини муқаддаси Арабистони Саудӣ изҳори қаноат намуд.

Робитаҳои минбаъдаи байнипарлумонӣ дар рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба ба ҳайси як унсури таркибии маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳо басо муҳим арзёбӣ гардид.

Мавзӯи дигари суҳбат адои маносики ҳаҷ ва умра аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон буд ва Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити мусоид баҳри зоирини тоҷик изҳори сипос намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масоили мубрами минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ҷиноятҳои ба дини поки ислом иснодоваранда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Май 25, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд