Мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ширкатҳои бонуфуз ва муассисаҳои молиявии Давлати Кувайт

Май 16, 2016 16:31

Ал-Қувайт, 16.04.2016 /АМИТ «Ховар»/ Субҳи 16 майи соли 2016 дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои соҳибкорию молиявии ин кишвар мулоқот намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору мулоқоти имрӯзаро ҳамчун иқдоми муҳим дар рушду таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Кувайт арзёбӣ кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳузури доираи васеи намояндагони ширкатҳои Кувайт ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибот оид ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва имкониятҳои он андешаронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон имрӯз дар чаҳорчӯбаи стратегияи дарозмуҳлати рушди миллии худ барномаҳои калон ва судовари иқтисодиро амалӣ менамояд, ки татбиқашон ҷалби сармояи бештари хориҷиро тақозо дорад.

Иттилоъ дода шуд, ки тарҳу лоиҳаҳо дар соҳаҳои гидроэнергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ, истихроҷи канданиҳои фоиданок ва нафту газ, коркарди нахи пахта ва алюминийи аввалия, бунёди инфрасохтори туризму иртибототу нақлиёт, истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ ба кишварҳои хориҷӣ барои кишвари мо хусусияти афзалиятнок доранд.

Баъди баромади пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба имкони сармоягузорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки судовар аз номи соҳибкорону тоҷирони Давлати Кувайт раиси Палатаи савдо ва саноати Кувайт Саид Алӣ Синён ал — Ғоним суханронӣ карда, пеш аз ҳама, ба мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон ва имкониятҳои фарохи иқтисодии он дар Осиёи Марказӣ ва минтақа баҳои баланд дод. Изҳори умед карда шуд, ки дар оянда бо истифода аз имкониятҳои истифоданашуда, лоиҳаҳои иқтисодию тиҷоратии гуногун таҳия ва ба нафъи ду кишвар татбиқ карда шаванд.

Ба андешаи соҳибкорони кувайтӣ барои тавсеаи ин ҳамкориҳо мулоқотҳои сатҳи олии сарони ҳукуматҳо ва робитаҳои ҳасанаи байни кишварҳо заминаҳои мусоид фароҳам овардаанд ва умед аст, ки ин муносибот оянда дар сатҳи матлуб ба роҳ монда шаванд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст пешниҳодҳои сармоягузорони кувайтиро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории муфид дар рушди соҳаи туризм, махсусан туризми кӯҳӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок омӯзад ва дастгирӣ намояд.

Май 16, 2016 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд