Нақши роҳбарони кишварҳои минтақа дар амалишавии лоиҳаи «КАСА-1000» беназир мебошад

Май 11, 2016 18:56

Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид зимни сухани ифтитоҳӣ дар ҳамоиши «КАСА-1000» ва дурнамои рушди ҳамкориҳои минтақавии энергетикӣ», ки  имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, изҳор намуд, ки «Заминаи пайдоиши лоиҳаи «КАСА-1000» ин норасоии барқ дар Осиёи Ҷанубӣ ва фаровонии он дар фасли тобистон дар Осиёи Марказӣ мебошад».

Боиси ифтихор аст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби шарикони рушд: Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки исломи рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир ва Ирландияи шимолӣ, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва дигар созмонҳои молиявии минтақа ва ҷаҳон дастгирӣ ёфта, барои амалишавии он маблағҳои зарурӣ ҷудо шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки дар доираи амалишавии лоиҳаи «КАСА-1000» пешбинӣ шудааст, ки кишварҳои содиркунандаи неруи барқ Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамасола аз моҳи май то моҳи сентябр 5 миллиард КВсоат, аз ҷумла 3 млрд. КВсоат Тоҷикистон ва 2 млрд. КВсоат ҷониби Қирғизистон нерӯи барқи арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тозаро ба ҷумҳуриҳои Афгонистону Покистон интиқол медиҳанд. Лоиҳаи мазкур зимни тадқиқоти экологӣ, иҷтимоӣ ва техникиву иқтисодӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалии соҳавӣ судманд ва барои рушди минтақа мусоидаткунанда баҳогузорӣ шудааст.

Тавре ки Давлаталӣ Саид таъкид намуд, тарҳи «КАСА-1000» аз лоиҳаҳои калидии инфрасохтории минтақа ба ҳисоб меравад ва нақши роҳбарони кишварҳои иштирокдори лоиҳа дар раванди амалисозии он беҳамтост. Зеро танҳо бо иродаи сиёсӣ ва дастгирии доимии онҳо, аз ҷумла Пешвои миллати тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварда шуд, ки пагоҳ дар Душанбе маросими расмии татбиқи лоиҳаи КАСА-1000 баргузор мегардад.

Май 11, 2016 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад