Нериё Аминов-шашмақомсарои саршиноси санъати касбии тоҷик

Май 27, 2016 14:11

Душанбе, 27.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 100 -солагии устоди варзидаи Шашмақом Нериё Аминов  29 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ барномаи консертӣ доир мегардад.
Дар барномаи консертӣ суруду таронаҳои машҳури Нериё Аминов бо номҳои «Париваш», «Боди сабо», «Айёми ишқ», «Ғамгусори ман куҷост», «Ҷилваи Хатлон», «Орзу дорам», «Зулфи парешон», «Ҳамдами дил», «Як табассум», «Нозанин», «Шаҳнози Гулёр» ва «Каъбаи ушшоқ» аз ҷониби ҳунармандон сароида шуда, ансамблҳои рақсии «Зебо», «Базморо» ва «Гулрез» ҳунарнамоӣ мекунанд.
Нериё Аминов  аз зумраи санъаткорони касбии мусиқии тоҷик ба шумор рафта, соли 1916 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.  Саҳми Нериё Аминов дар рушди санъати  мусиқии суннатии тоҷикон-Шашмақом назаррас буда, соли 1946 бо унвони фахрии «Артисти хизматнишондодаи РСС Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Май 27, 2016 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид