Нисбат ба баргузории раъйпурсӣ ягон арзу шикоят пешниҳод нагардидааст

Май 23, 2016 11:50

Душанбе, 23.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Маъракаи муҳими сиёсӣ -раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз, 22  май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид, мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар асоси қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба таври шаффофу демократӣ  доир гардида, ягон муроҷиат ва арзу шикоят  нисбат ба раъйпурсӣ пешниҳод нагардидааст»,- иброз дошт  зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии /КМИР/кишвар . Мавсуф  23 май дар нишасти хабарӣ аз натиҷаи пешакии баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дода, гуфт, ки дар маъракаи муҳими сиёсӣ аз 4 миллиону 409 ҳазору 516 нафар раъйдиҳандагони сабти номшуда,  4 миллиону  38 ҳазору  183 нафар  ширкат намуда, раъй доданд, ки 92% -и  ташкил медиҳад. Аз ин шумора, ба ҷонибдорӣ аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 миллион 814 ҳазору 477 нафар раъй додаанд, ки  94,5%-ро ташкил дода, раъйпурсӣ баргузоргардида ҳисобида мешавад.
Инчунин раиси КМИР-и ҷумҳурӣ зикр намуд, ки ҷараёни баргузории ин маъракаи муҳими сиёсиро дар Тоҷикистон 120 нафар мушоҳидони  байналмилалӣ ва 7,5 ҳазор мушоҳидони миллӣ мушоҳида намуда, дар инъкоси раъйпурсӣ дар васоити ахбори омма ҳудуди 360 нафар хабарнигорони ватанию хориҷӣ саҳм гузоштанд.

Май 23, 2016 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид