Омодагиҳо барои таҷлили Рӯзи байналмилалии кӯдакон

Май 27, 2016 17:06

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмиллалии кӯдакон, ки ҳамсола  1 июн таҷлил мегардад, дар Маҷмаи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» чорабинии пуршукӯҳ доир хоҳад шуд.
Тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 1 июн дар «Қалъаи Хуҷанд» намоиши маҳсулоти ҳунарҳои халқии аз ҷониби кӯдакону наврасон омодагашта,  барномаи консертии ҳунармандони ҷавон дар назар дошта шудааст. Инчунин бо қувваи табиатдӯстони ҷавон «Гӯшаи зинда» -и паранадаҳо, моҳиҳо ва дигар ҳайвонот ташкил карда мешавад.
Дар чорабинӣ барои ҳозирон барномаи консертии истеъдодҳои ҷавон пешкаш хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ба чорабинии идона намояндагони кӯдакону наврасони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, ятимони кулл ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ҷалб мешаванд.

Май 27, 2016 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад