Ошкоркунӣ ва мусодираи беш аз 7 ҳазор бозичаи ба саломатӣ зараррасон аз ҷониби «Тоҷикстандарт»

Май 27, 2016 14:12

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби мутахассисони Агентии стандартизатсия, метрология ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бозичаҳои ба талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷавобгӯ набуда ошкор ва мусодира гардиданд.
Аз маркази матбуоти «Тоҷикстандарт» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҷиҳати ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти молҳои пастсифат ва хатарнок нозирони савдои Агентӣ мунтазам дар бозорҳо ва нуқтаҳои савдо санҷиш гузаронида, молҳои пастсифату бесифат ва ба талаботи санадҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ набударо ошкор ва мусодира менамоянд.
«Беш аз 7 ҳазор бозичаи  аз тариқи қочоқ ба қаламрави кишвар воридшуда ошкор ва мусодида шуда, барои нобудсозӣ пешниҳод шудааст. Нисбат ба воридкунандагон ва соҳибкороне, ки ин бозичаҳоро ба бозор баровардаанд, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуданд», — тазаккур доданд дар «Тоҷикстандарт».
Маврид ба зикр аст, ки чунин бозичаҳои зараровар ба саломатии кӯдакон хатар дорад. Аз ин рӯ, мутахассисони соҳа муътақид бар онанд, ки истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона бояд дар дохили кишвар ба роҳ монда шавад, то ки зери назорати доимии мутахассисони соҳа қарор гирад.

Май 27, 2016 14:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад