Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон барои пешбурди тарзи ҳаёти солим саъю талош мекунанд»

Май 27, 2016 14:37

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонони мо варзишро гарави саломатӣ дониста, барои пешбурди  тарзи ҳаёти солим саъю талош мекунанд, — иброз намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба андешаи Сарвари давлат, як қисми ҷавонон дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуда, парчами Тоҷикистони азизро баланд мебардоранд. Вале бояд гуфт, ки ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаву деҳот майдону толорҳои варзишӣ намерасанд ё тамоман вуҷуд надоранд. Қисми дигарашон ба талаботи оддитарин ҷавобгӯ набуда, таъмирталаб мебошанд ва бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин нестанд.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро  вазифадор намуданд, ки якҷо бо соҳибкорон ва бо ёрии худи ҷавонон ҷиҳати бунёди майдону толорҳои варзишӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба солимгардонии ҷомеа, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати авалиндараҷа диҳанд ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ монанд.

Май 27, 2016 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2024. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-18) аввалин пирӯзӣ ба даст овард
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Дар он варзишгарони ҷавони тоҷик иштирок менамоянд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври нимфиналии Ҷоми Осиё-2024 баромада, соҳиби роҳхати Ҷоми ҷаҳон шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид