Пешвои миллат ва раванди ваҳдатофаринии тоҷикон

Май 5, 2016 18:07

 

Душанбе, 5.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар таърихи ташаккул ва такомули ниҳоии худ ҳар як миллат марҳилаҳоеро аз сар мегузаронад, ки дар он ноил шудан ба мувозина­ти доимӣ ва муносибати якнавохти ҳамаи қишрҳо ва табақаҳои кишвардоир ба масъалаи ягонагӣ, якпорча­гӣ ва ҳамбастагии байни воҳидҳои маъмурӣ муяссар намешавад. Халалдор шудани ваҳдат ҳеҷ гоҳ башумораи аҳолӣ ва ҳудуди марзии давлату миллат иртиботе надорад. Дар сурати гум шудани сарриштаи кор ва тафаккури мантиқӣ нооромӣ метавонад як кишвари хурдеро ончунон ба коми даҳшатбори зиддиятҳои худ фурӯ барад, ки шаҳрвандонаш дар идроку тааққули воқеият ва раҳоӣ ёфтан аз он як муддат бечораву оҷиз мемонанд. Шояд таъсири ягон қонунҳои нонавишта ҷой дошта бошад, зеро андешидани чораҳои аз нигоҳи сиёсию иҷтимоӣ ва ақлию мантиқӣ комилан дуруст ҳам дар бисёр ҳолатҳо пешгирии оқибатҳои нохушоянди ин равандро дар консепсияи фалсафию ирфонии «муборизаи зидҳо» номумкин мегардонад.

Тавре ки маълум аст, гузаштагони пурифтихори тоҷикон дар муҳити ягонаи рушди мардумони порснажод ба саҳнаи таърих ворид гардида, тӯли ҳазорсолаҳо дар сохторҳои гуногуни рушди сулолавӣ обутоб ёфтанд. Кору пайкори ниёгони мо дар матни таърихи ҷаҳонӣ бо номи рушди устувори сулолавӣ машҳур аст, ки ифодаи мазмуни он дар хутбаи пандвори Манучеҳри малик возеҳ баён шудааст. Андарзи Манучеҳр чунин гуфтаҳо дорад: «Пешинагон рафтанду ҷаҳон ба мо даст боздоштанд ва моро чора нест ҷуз аз паси эшон рафтан. Ва эшон моро чунонанд, чун бехи дарахт мар дарахтро ва мо эшонро чун шохи дарахт». Манучеҳр нахуст подшоҳе буд, ки мулку подшоҳиро ба чаҳор қисмат ниҳод: роҳбарӣ, сипоҳ, раият ва мӯбади мӯбадон ва ҳаққу ҳуқуқ ва масъулияти ҳар якеро дар пойдо­рии мулк муқаррар кард. Ин тарзи ҷобаҷогузорӣ ва табақабандӣ дар фарҳанги эронитаборон, ба истилоҳи коршиноси масоили таърих ва назарияи миллат Эрик Ҷон Ҳобсбаум «ихтирои анъанаҳо» (theinventionoftradition)-роба вуҷуд овард. Ҳамин буд, ки дар марҳалаи густариши ҷаҳонбинии динӣ ва таъсиси давлатҳои миллӣ тамоми суннату анъанаи тоҷикону порснажодон дар матни платформаи фарҳангсо­ло­рии «Наврӯз» ҷамъбаст гардид. Барои пойдо­рии ин ҷашни ниёгон 3 унсури асосӣ нақши калидӣ бозидааст: устуравӣ кардани таърих (мифологизация истории), қудсияти забон (сакрализация языка) ва рушди устувори сулолавӣ (перманентное династийное развитие). Дар давраи рушди тоисломии фарҳанги ниёгони мо низоми табақавии муносибат то андозае садди роҳи рушди истеъдод­ҳо дар ҷомеа мегардид, зеро омӯхтани илм танҳо ба мӯъбади мӯъбадон – меҳтари ҳамаи уламову ҳукамо ва атрофиёнаш мансуб буд ва ҷомеапазирии васеи қишру табақаҳои гуногун маҳдудиятҳо дошт. Аз ин ҷиҳат дину фарҳанги исломӣ бартарияти бештар нишон дод. Ислом бо шиори талаби илм ва эълони бароба­рии иҷтимоии мусулмонон дар назди Худову пайғам­бар ба нерӯи тӯли садсолаҳо нуҳуфтаи мардуми тоҷиктабор имконияти васеи татбиқи амалӣ дод ва потенсиали ақлонию ҷисмо­нии онҳоро ошкор кард. Ҳамин буд, ки ниёгони мо дар садаҳои аввали ислом тавонис­танд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи мусулмонӣ – сиёсӣ, иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ чирадаст шаванд ва як зумра олимону фақеҳон, муфассирону муҳаддисон, табибону донишмандони бахши улуми дақиқро тақдими ҷаҳониён кунанд. Аммо шаклгирии консепсияи фарогири ваҳдати миллӣ ва диниро, албатта, амирони сомонӣ анҷом доданд, зеро онҳо мувозанати нозукбинонаи арзишҳои миллӣ ва диниро муайян карда тавонистанд. Бинобар ақидаи коршиносони масоили миллат ва миллат­га­роии муосир Хобсбаум, Гелнер ва дигарон «тарҷумаи мутуни муқаддас ва ҳамчунин ҷорӣ кардани коргузорӣ ва қонунгузорӣ ба забони миллӣ» яке аз шартҳои аввалини таъсиси давлати миллӣ ва ташаккули миллат аст. Таъсиси давлати сирф миллии тоҷикӣ бо номи Сомониён дар шароити қурунивус­тоӣ дар заминаи таъмини ваҳдати саросарии қавму халқҳои маскуни ин ниҳоди сиёсӣ ба даст омад. Амирони бофарҳанги сомонӣ нахуст тарҷумаи тоҷикии Қуръон ва дигар сарчашмаҳои динию илмиро ба роҳ монда, дар ин раванд пештозони фарҳанги миллӣ ва исломии ғайриарабӣ шуданд. Дар ҳоле ки ин корҳоро миллатҳои аврупоӣ дар асрҳои XVII-XVIII анҷом доданд, агар юришҳои турку муғул рӯй намедод, дар ҷомеаи тоҷикон ташак­кули мафҳуми миллат ба маънои имрӯза­аш ҳамон асрҳо татбиқи амалӣ пайдо мекард. Мактаби тарҷумонии аҳди Сомониён дар фаъол намудани ин раванд саҳми назарраси мусбат гузорид ва тавонист забони тоҷикиро ба абзори қавии давлатсозӣ ва миллатсозӣ табдил диҳад,ҳудуди мувозинати манти­қи­ро байни унсурҳои динӣ ва миллӣ таъйин кунад. Дар натиҷа забони тоҷикӣ дар минтақаи густариши ислом барои худ мақоми бебозгашти қудсиятро касб карда, ба унсури фарҳангсолор, ваҳдат­офа­рин ва ҳувиятсоз мубаддал гашт. Ҳарчанд таърих дар ҳаққи пойдории давлату давлатдории миллати тоҷик ҷафоҳои зиёде раво дидааст, вале забони тоҷикӣ мақоми қудсият ва дар сатҳи коргузо­рии давлатӣ истифода шуданро то ибтидои асри ХХ нигоҳ дошта тавонист. Ба назари мо, забони тоҷикии эҳёшуда дар Бухоро асолати қудсияти худро андаруни сарчашмаҳои илмӣ-динӣ ва осори ноби шеърӣ аз чанголи вабоҳои қотили қурунивустоӣ раҳо карда тавонист ва то ба имрӯз оварда расонид. Таҳқиқот ва мушоҳидаҳои мо роҷеъ ба тарҷумаи Қуръон ва аҳодиси набавӣ собит намуд, ки тамоми тарҷу­ма­ҳои минбаъд ба забони форсӣ анҷомёфта бар пояи методоло­гияи усулии таҷрибаҳои мованоуннаҳрии гузаштагони мо, аз он ҷумла тарҷумаҳои «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили-л-Қуръон»-и Муҳаммад ибни Ҷари­ри Табарӣ (машҳур ба «Тарҷумаи «Таф­­сири Табарӣ», асри Х), «Тафсири Ҳусайнӣ»-и Мавлоно Ҳусайн Воизи Коши­фӣ (асри ХV) ва «Фатҳу-р-Раҳмон фӣ тарҷумати-л-Қуръон»-и Шоҳ Валиюллоҳ ибни Абдурраҳими Деҳлавӣ(асри XVIII) ан­ҷом ёфтааст. Хамирмояи назми оламгири тоҷику форс ҳам сабку мактаби шеърии устод Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ будааст, ки то имрӯз ҳамчун манбаи илҳом ва ситораи қутбнамои шоирони марзу буми порснажодон боқӣ мондааст. Ҳамон тасвиру ифодаҳои ҷовидонаи шеърӣ тӯли асрҳои зиёд дар шаклҳои жанро­фари­нии тоза ва баёни санъатҳои шеърии нав аз даруни худ эҳё шуда истодаанд. Ҳамин адабиёти насри классикӣ доир ба улуми қуръо­нию ис­ломӣ ва шеъри ноби тоҷикӣ ду омили асосии нигаҳдорандаи забони тоҷикӣ мебошанд, кито имрӯз қудсияти онро таъмин карда исто­да­анд. Ва ҳамаи касоне, ки худро мансуб ба нажоди порсигӯён медонанд, ҳангоми мутолиаи матнҳои назму насри ёдшуда тамоми матлаб­ро мефаҳ­манд ва ба ҳеҷ гуна шарҳу тавзеҳи ибораву истилоҳот ниёз надоранд. Ин вежагии қудсият андаруни теъдоди нусхаҳои хаттии ба ин забон ки­то­­бат­­­шуда, ки то ҳанӯз шумораи ниҳоии онҳо маълум нест, нуҳуф­та аст. Аз ин рӯ, пос дош­тани мақоми давлатии ин забон ва таъмини пай­­ван­ди ногусастаниион бо омӯзиши нусха­ҳои хаттӣ ва осори илмию динӣ гарави бақои ваҳдати миллат ва пойдории давлати тоҷикон хоҳад буд.

Аммо дар бораи ба миён омадани консепсияи ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бояд гӯем, ки ҳангоми расидан ба истиқлолияти давлатӣ дар баробари мақомоти амалкунандаи сиёсӣ боз ду гурӯҳи асосии қудратхоҳ рӯи кор омад: яке нерӯи зиёини эҷодкори дунявӣ, ки дар пояи пуштибонӣ аз мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ фаъолият мекард; ва дигаре, рӯҳониёни исломгаро, ки худро ходими ягонаи давлату мусулмонони Тоҷикистон меҳисобиданд ва ба пиндори худ ҳеҷ даъвои сиёсӣ не, балки нияти ислоҳоти динию ахлоқии ҷомеаро доштанд. Ин ду нерӯи сиёсӣ ба зудӣ сарпарастони хориҷӣ пайдо кар­данд. Хушбахтона, аксари зиёиёни пешқадами тоҷик ғаразҳои сиёсии хоҷагони берунаро ба зудӣ дарк карданд, вале исломгароёни сиёсӣ ба “хизмат” омода будани худро бо ниҳоду нерӯҳои беруна барои расидан ба қудрати сиёсӣ пинҳон накарданд.

Аслан аз таҷрибаи истеҳсолӣ ва идеологӣ гузаштани созмону аҳзоб ва ҳаракату ҷамъиятҳои мансуб ба дини ислом солҳои 80-уми асри гузашта дар Афғонистон таҳаққуқ пазируфт. Корбурди атеизми динӣ дар сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба Афғонистон даромадани нерӯҳои низомӣ ба оташи ин бадбинӣ равған рехтан гирифт. Пешвоёни муқови­мати тундхӯёнаи динӣ режими ҳукмрони Афғонистон ва пуштибонони шӯравии онҳоро “душман ва ашрор” ном ниҳоданд. Дастгирии сиёсӣ ва молиявии ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои исломии ба ном миллӣ, вале дар асл ифротгаро, тундгаро ва қудратхоҳ дар сатҳи байналмилалӣ Афғонис­тонро ба ҷабҳаи муборизаи ду нерӯи ҷаҳонӣ – капитализм ва сотсиализм табдил дод. Барои шикаст додани нуфузи шӯравӣ дар Афғонистон лоиҳаҳои сершумори исломӣ пешниҳод шудан гирифт, ки тамоми маводи он аз ҷониби коршиносони хориҷӣ ба забони форсии дарӣ омода карда мешуд. Дар солҳои 80-90-умиасри ХХ дар заминаи буҳрони ҷанги Афғонистон ва суст шудани пояҳои идеологияи давлатӣ на танҳо дар байни пайра­вони ислом, балки дар миёни муътақидо­ни дину кон­фес­сия­ҳои амалку­нан­даи дигари ҷомеаи шӯравӣ ҳам як ривоҷу равнақи бесоби­қаи ҷаҳон­би­нии динӣ боло гирифт.Баъди берун овардани нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон даъвоҳои қудрат­хо­ҳӣ вамавқеъгирии сиёсию динӣ дар фаъолияти аксари ҳизбу созмон­ҳои исломӣ рангу тобиши тамоман дигар касб кард ва дар зери таъсири вазъияти сиёсию иҷтимоии Эрону Афғонистон дар ҷумҳуриҳои исломии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам овози ҳаводорону пуштибонони ислом баланд шудан гирифт. Ба арсаи сиёсат омадани ҷараёнҳои динию мазҳабӣ дар ду ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ – Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам об­рӯю эътибори исломро коста гардонид ва ҳам ба ваҳдати миллӣ ва пайвандҳои сунна­тию таърихии ин ду миллат зарбаи ҷонкоҳ ворид намуданд.

Вазъияте, ки дар оғози истиқлолияти ҷумҳурии мо падид омад, ба ҳукми тақдир ё таври тасодуф бо омилҳои таназзули давлати Сомониён як айнияту монандӣ пайдо кард. Дар ҳамон даврони дур ҳам, ба қавли донишманди тоҷик Ҳақназар Назаров арбобони давлатию шахсиятҳои рӯҳонӣ “ба ҷойи он, ки ҳиммат ва заҳмати худро барои ҳаллу фасли масъалаҳои миллию давлатӣ ва бартараф кардани шӯру ошӯбҳо ва ҳамлаю ҳуҷумҳои душманони хориҷӣ сафарбар кунанд, баръакс ҳар кадом мубталои ғаразҳои шахсӣ ва манфиатҳои иҷтимоии худ шуданд”. Дар замони муосир доир ба омӯзиши ҳамаҷонибаи таъриху фар­ҳан­ги давлати Сомониён корҳои таҳқиқотии зиёд анҷом дода шудааст. Аз он ҷумла, дар ҷамъбасти хулосавии сабабҳои суқути давлати муқтадири Сомониён омилҳои зеринро зикр кардаанд: ваҳдату ягонагӣ дар байни роҳбарияти олии давлат ва сулолаи ҳукмрон ба хотири расидан ба тахту тоҷ заиф шудан гирифт; гвардияи миллии Сомониён, ки аз шумори сарбозони кироя ва ғуломони турктабор иборат буданд, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда такягоҳу сипари давлат шуда натавонистанд; мубори­­заи як қатор ҳокимони худкомаи вилоятҳо барои худмухторӣ боиси сустгардидани ҳокимияти марказӣ ва шиддат гирифтани ихтило­фо­ти берунӣ ва дохилӣ гардид; фаъолияти зиддимиллӣ ва иғвога­роё­наи баъзе гурӯҳҳои рӯҳониён дар роҳи пешгирӣ намудан ва куфр донистани талошҳои мардум барои ҳимояи истиқлолияти миллӣ суқути давлати Сомониёнро ногузир гардонид; сабабидигари фурӯпошии давлат шиддат гирифтани фишори қувваҳои беруна дар шароити буҳрони сиё­сии дохилӣ буд.

Шигифтовар он аст, ки ин ҳақиқати талхи таҷрибаи рӯзгор дар солҳои 90-уми асри ХХ дар шаклу муҳтавои андаке дигаргун боз гиребонгири давлати ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Афсӯси дигар он аст, ки раванди кашмакашҳои дохилӣ ва эълони озоди­ҳои демок­ра­тӣ ба шаклгирии тафаккури исломи сиёсӣ замина му­ҳайё сохт ва тадри­ҷан ба таъсиси ҳизби динӣ оварда расонид. Ин ҳизб ар­зиш­ҳои воло ва муқадда­соти диниро танҳо ва танҳо барои расидан ба ғараз­ҳои сиёсӣ истифода мебурд ва таъсиси ҳизбро аз нигоҳи дин асоснок менамуд, вале тасав­ву­роти бисёрҳизбию ҷаҳонбиниии дигарро эътироф намекард. Мута­ас­сифона, пешвоёни созмонҳои ҳизбӣ тавонис­танд дар мағзи ҷавонон ақидаи ботилеро ҷойгузин намоянд, ки маҳз таъсиси давлати исломӣ ва арзишҳои қурунивустоӣ ба унвони як роҳи беҳтарини ҳалли тамоми мушкилоти иҷтимоӣ дар зиндагии онҳо пазируфта шавад. Маъ­лум аст, ки дар доираи тафаккури динӣ мунҳа­сир кардани раванд­ҳои ҷамъи­я­тӣ ҳеҷ вақт боиси пешрафт шуда намета­вонад ва ин ҳолат дар вазъи муҳтоҷию дастнигарӣ нигоҳ доштани шаҳрвандони ҷумҳуриро осон мегардонад.

Таърих гувоҳ аст, ки дар солҳои 1992-1997 ҳар чизе, ки шуданӣ буд, шуд. Дар вазъияти сиёсӣ-иҷтимоии солҳои 90-ум дар кишвари мо тамоми заминаҳо барои бархӯрди бардавоми мусалла­ҳона ва аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон вуҷуд дошт, зеро гу­­рӯҳ­ҳои мусаллаҳи мухолиф ташнаи хуни якдигар буданд. Қумон­дон­­ҳои саркаш аслан ба сухани касе эътибор намедоданд. Тибқи таълимоти ҷомеашиносии муосир дар давраҳои ҳассос дар қишри роҳбарии ҷомеа бояд “ақаллияти созанда” (creative minority) пайдо шавад, ки қудрати посухи муносиб ва саривақтӣ додан ба ин чолишу хатарҳои дохилию беруниро дошта бошад. Маҳз ин ақал­лияти фаъол ва созанда бақо ва пойдории давлат ва фарҳанги миллиро таъмин карда метавонад. Хушбахтона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтари­ни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва сарвари тавонои ҳамин гуна ақаллияти созанда дар марҳилаи тақдирсози миллати мо гардид, ки новобаста аз таҳдиди хатарҳо ба ҷони худ тавонист масъулияти сангини посух додан ба хатару чолишҳои барои давлати ҷавони миллии тоҷикон ҳалокатборро ба дӯш гирад. Қазову қадар, тақдиру қисмат, иродату машийяти илоҳӣ ва ихлосу боварии мардумӣ чунин ҳукм карда буд, ки тай намудани ин роҳи пуршебу фарози истиқлолият ва таъмини ваҳдати пойдори марзу буми Ватани аҷдодӣ бо сарварии фарзанди оқилу огоҳ ва фурӯтану ватандӯст– Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таҳаққуқ пазирад. Имрӯз аз баландиҳои кохи бегазанди кишвари озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар соли санаҳои фархунда – Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ чӣ гуна кам-кам ба решаи ташналаби шоҳдарахти давлатдории тоҷик оби ҳаёт зам мегардад.Насли куҳансолу миёнасол ва ҷавонони саодатманди даврони истиқлолият хуб дар хотир доранд ва шоҳиди ҳол ҳастанд, ки даҳаи охири асри сипаришуда абри сиёҳи нооромӣ болои замини биҳиштосои ҷумҳурии мо фақат борони яъсу навмедӣ, сӯхтору вайронӣ, ғаму андӯҳ, қаҳтию гуруснагӣ ва аз ҳама бадтар нобоварии фарогир ба фардоро меборид. Аслан дар замири мардум умеди имконпазир будани аз зулмат ба нур ва аз торикӣ ба равшанӣ расидан намонда буд. Ҳамин ҳолати равонии шаҳрвандони кишварро дар он солҳо шоири зиндаёд Ашӯр Сафар бисёр барҷаста баён кардааст: «Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад, Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад

Таърих гувоҳ аст, ки масъалаи соҳибӣ кардани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини якпорчагии қаламрави он хусусияти ниҳоят буҳронӣ касб карда буд, ҳатто хатари аз харитаи сиёсии ҷаҳон берун афтодани номи кишвари мо саратонвор таҳдид мекард. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта чун афтодани пардаи оҳанини низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шудан гирифт, ҷумҳуриҳои миллӣ яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатии кишварҳои худ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш фаро расид. Вале дар як муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ хориҷ шуда буд. Ин вазъият то андозае боиси сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои куҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ шӯравӣ тани танҳо дар муқобили мушкилоти сершумори худ монданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ва гоҳо дар миёни ҷумҳу­ри­ҳои собиқи шӯравӣ ба вуҷуд овард. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки кишвари азизи мо дар зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Вале муддати бештар аз панҷ сол роҳбарияти олии кишвар бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо тамоми мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл ва бартараф намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқи ҷумҳуриро ба як маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллати тоҷикро ба рӯзи ваҳдату якдилии саросарӣ ва сапедадами ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрорисулҳваризоиятимиллӣ дар Тоҷикистон»расонид. Аз ин ҷиҳат, санаи 27 июни соли 1997, ба назари мо, инчунин тасдиқи дигарбораи истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҳудудии онро ҳам собит намуд. Ақли солим бар тафаккури золим ғолиб омад; ягонагӣ устувор шуд ва ҷудоӣ барканор шуд; низоми давлатдории миллӣ ва тоҷикӣ рӯйи кор омад; хушбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ сабаби порашавӣ ва тағйиротҳои ҳудудию марзӣ нагардид, баръакс миллатро муттаҳид кард; Тоҷикистон ҳамчун субъек­ти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардид.

Оре, равшанӣ падид омад, тағйиротҳои гуногун дар ҳаёти мардум ба вуқӯъ пайваст, мардуми парешон сарҷамъ шуда, ба бунёди иншоотҳои бузург, корҳои ободонӣ ва дар маҷмӯъ муаррифӣ намудани имиҷи давлату миллати Тоҷикистон ба ваҷҳи некӯ дар миқёси байналмилалӣ камари ҳиммат бастанд. Тӯли ин солҳо навгониҳои зиёд, чорабиниҳои сатҳи гуногун ва базму тараби зиёд насиби мардуми шарифи Тоҷикистон гардид. Ҷаҳише ба вуҷуд омад, ки моро ба таври ҳамешагӣ аз муҳтоҷ будан ба дигарон ва гирифторӣ дар банду бало раҳоӣ бахшид. Ҳоло мо дар марҳалае кору зиндагӣ мекунем, ки барои ҳар шаҳрванди хурду калон ва пиру ҷавон, вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусу­сию давлатӣ ва ниҳоду сохторҳои гуногун дар саросари қаламрави кишвари азизамон дастовардҳои фаъолияти худро дар мизони ақлу ман­тиқ ҷамъбаст намудан ва нақшаи чорабини­ҳои навро дар роҳи корҳои созандагию бунёдкорӣ барои соли оянда тарҳрезӣ кардандар арафаи ҷашнҳои арзишманду муқаддаси миллӣ ва анҷоми соли молиявӣба ҳукми анъана даромадааст. Агар тафовути байни дирӯзу имрӯзро муқоиса кунем, пас ба қавли Саъдии бузург возеҳу равшан мешавад, ки «дар миёни ҳар ду фарқе ҳаст нек».

Ба назари мо, дар ташаккули падидаи расидан ба санаи фараҳбах­ши сулҳи деринтизор ва Ваҳдати миллии тоҷикон ба инобат гирифтани чандин омили ҳалкунанда ҷойгоҳи калидӣ дорад:

  1. Ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмонов. Ин интихоб ба раванди ҳар лаҳза тағйирёбандаи сиёсӣ ва амалияи зуд-зуд иваз кардани роҳбари аввали ҷумҳурӣ хотима бахшид. Гузашти айём нишон дод, ки ин қарори иҷло­сияи тақдирсози XVIШӯрои Олӣ оғози истиқрори сиёсии бардавом ва заминаи поягузории рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиётдар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ будааст. Зеро дар шахсияти Пешвои миллат дар баробари ормонҳои умумимиллӣ орзуву умеди ҳамон манотиқи ҷуғрофии Тоҷикистон таҷассум ёфта буд, ки ба сабаби нооромиҳо нисбат ба сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар бештар зарари иқтисодию молиявӣ ва маънавию равонӣ дида буданд.
  2. Бояд дуруст фаҳмида шавад, ки Созишномаи сулҳ байни Ҳукума­ти қонунии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсияи Тоҷикистон ба имзо расидааст. Бартарӣ додан ба амалкарди фавқулодаи ин ё он гурӯҳ ва ҳизби алоҳидаи сиёсӣ дар баргузории даврҳои музокирот аз рӯи адолат ва одобу инсоф нахоҳад буд. Ва ҳеҷ ниҳоди ҷамъиятию сиёсӣ ҳуқуқи маънавӣ надорад, ки ин дастоварди умумимиллиро натиҷаи фаъолияти маҳдуди худ ҳисобад.
  3. Ҷамъбасти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва сазовори унвони Пешвои миллат буданро ҳанӯз дар ҳамон вазъияти ниҳоят сарбастаи ҳаёти сиёсӣ ошкор намуда буд. Ҳеҷ кас дар он вақт барои пешгӯӣ кардани ояндаи Тоҷикистон ҷуръат намекард. Вале боварӣ ба мардум ва иродаи дар муҳити хизмати нерӯҳои баҳрӣ обутобёфтаи Эмомалӣ Раҳмон сифатҳои таҳаммулпазирӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятшиносӣ ва таваккул бар Худо карданро дар шахсияти ӯ гӯё барои уқдакушоии ҳамин муаммои таърихи навтарини миллат захира карда буд. Ӯ на танҳо тавонист, ки гурӯҳи ҳамфикрони созандаи худро дар ҳайати роҳбарии сиёсии кишвар ташкил намояд, балки инчунин аз байни анбӯҳи нерӯҳои мухолифин ақаллияти конструктивиро пайдо кард ва онҳоро ба ҳамкории ҷиддӣ сафарбар намуд.
  4. Суннати миллии гузашт ва афв кардани ҳамдигар дар фарҳанги мардумсолории ниёгони пурифтихори мо низ барои таҳкими пояҳои сулҳу Ваҳдат сахт мусоидат кард. Таҳкими истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгашти наслҳо ба рӯзгори асли хешро осон гардо­нид, эҳсоси худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон боло рафт ва дар ниҳояти кор фалсафаи қавианосири «сулҳ беҳ аз ҷангу доварӣ»-роустувор кард.

Ҳарчанд мардумиТоҷикис­тон 19 сол мешавад, ки дар шароити сулҳу субот ва истиқ­рори миллӣ кору фаъолият мекунад, вале таъсири нооромиҳои солҳои 90-уми қарни гузашта дар рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвар бараъло эҳсос мешавад. Ин ҳолат аз ҳама бештар дар осебпазирии насли ҷавон ба раванду ҷараёнҳои номатлуб ва гароиши ҷавонон ба ҳаракати салафия ва «давлати исломӣ» зоҳир мегардад. Бояд эътироф намуд, киэкстремизм ва терроризми диние, ки дар шакли ДИИШ зуҳур кардааст, ба яке аз проблемаҳои глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Масъалаи ба сафи муҷоҳидини дурӯғини «давлати исломӣ» пайвастани ҷавонон дар ҷумҳурӣ, минтақа ва қаламрави ИДМ хусусияти ташвишовар касб карда истодааст. Иштироки шаҳрвандони кишварҳои аъзои ИДМ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар сохтори ин ташкилоти террористӣ як механизми тавонои «ҷалб кардани» хориҷиён вуҷуд дорад. Оид ба масъалаи иштироки муҷоҳидон дар ҷанги Сурияву Ироқ аз ҳисоби шаҳрвандони Россия ва давлатҳои ИДМ директори Инсти­тути шарқшиносии Академияи илмҳои Россия В. Наумкин дар рӯзномаи «Московский комсомолец» 8 июли соли 2015 чунин изҳори назар карда буд: «Тибқи омори расмӣ дар сафи нерӯҳои давлати исломӣ 1700 нафар аз Росия ҷангида истодаанд, ин рақам шояд бештар бошад. Теъдоди ҷангиён аз кишварҳои Осиёи Марказӣ тибқи маълу­мо­ти Гурӯҳи байналмилалии буҳроншиносӣ то ба 4000 нафар мера­сад. Аз кишвар­ҳои мусулмонӣ Тунис дар ҷойи аввал меистад. Дар Аврупо бошад Австрия доир ба фиристодани гурӯҳҳои моҳири разманда пешсаф аст, ки аксарашон шаҳрвандони муқими ин кишвар аз Чеченистон мебошанд. Ин далелҳо на танҳо аз нигоҳи миқдори размандагон ташвишовар аст, балки моро маҷбур мекунад, ки як стратегияи фарогири пешгирии ин равандро ҳам ҳангоми «рафтан» ва ҳам ҳангоми «бозгашт»-и ҷангиён таҳия намоем». Сарчашма­ҳои муътамад иттилоъ медиҳанд, ки ҳоло дар зери ливои сиёҳи «давлати исломӣ» теъдоди 80 ҳазор нафар ҷангиён – 50 ҳазор дар Ироқ ва 30 ҳазор дар Сурия муттаҳид шудаанд. ДИИШ имрӯз бо 5 забони аврупоӣ адабиёти таблиғотӣ нашр мекунад, то ки ҷалби шаҳрван­дони хориҷиро дар сафи худ афзун гардонад. Аз ҷониби дигар сиёсати рафтуомади озоди шаҳр­вандон ба кишварҳои хориҷӣ назо­рати ин равандро сахт мушкил гардонида­аст. Дар чунин шароити мураккаб муайян кардан муш­кил аст, ки шахси раҳси­пор ба кишвари хориҷӣ, масалан Туркия барои истироҳат рафта истодааст ё нияти иштирок кардан дар муқовимат­ҳои мусаллаҳонаро пешакардааст?!

Проблемаи бузурги дигарро низоми хабарпаҳнкунии Твиттер, Фейсбук ва Ютуб эҷод карда истодааст. Ин тори анкабути иттилоо­ти ҷаҳонӣ асосан кишварҳоеро ҳадафи ҳамлаи худ қарор медиҳад, ки марду­маш мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ доранд. Ин тарзи корба­рӣ як ҳалқаи сарбастаро мемонад, ки ошкор ва пешгирӣ карданаш осон нест. Ин ҷо шахс ё ниҳоде, ки ҷавононро ба ҷанг сафарбар мекунад, дар аксари ҳолатҳо нопадид мемонад.

Муаммои сарпечидаи дигар он аст, ки ангезаи асосии ин вабо ҳама вақт ҳавасмандии пулӣ нест. Ҳолатҳои зиёдеро медонем, ки ҳатто шахсони сарватманд гӯё ихтиёран бароиҷанг кардан ба «давлати исломӣ» меоянд. Таҳдиди воқеӣ дар он аст, ки «давлати исломӣ» як модели маҷҳулеро пешниҳод кар­да­аст, ки то ҳанӯз фалсафаи доми фиреб ва решаҳои ҷаззобияти он комилан баҳогузорӣ нашудааст. Ин ҳолати равониро ҳанӯз Мавлоно «Ин кист ин, ин кист ин, ҳозо ҷунуну-л-фосиқин» номгузорӣ карда буд, ки дар истилоҳи ҷо­меа­шиносӣ «синдроми баъдиҷангӣ» ном дорад ва бояд сама­раи талхи инқилобҳои «баҳори арабӣ» бошад. Хатари ҷиддӣ боз дар он аст, ки пешниҳоди позаҳри муборизаи бодалел бар зидди «дав­ла­ти исломӣ», ҳатто дар байни рӯҳониёни мо бисёр заиф аст ва дар ин вазъияти сарпечида бар сари онҳо санги маломат задан ҳам чандон дуруст нест. Далелҳое, ки аз ҷониби олимону коршиносон ҳам пеш­ни­ҳод мешавад, қонеъкунанда пазируфта намешаванд, зеро дар ҷомеа созмонҳо ва гурӯҳ­ҳои зиёде пайдо шудаанд, ки онҳо на он чизеро мегӯянд, ки ба салоҳи кор аст, балки ончунон рафтор мекунанд, ки ба таври ғайри муста­қим боиси ҷалб гардидани одамони норозӣ ба сафи ин ташкило­ти террористӣ мешаванд. Ҳарчанд ҳизбу ҳаракатҳои терро­рис­тии дигари минтақавӣ гоҳо изҳор менамоянд, ки «давлати исломӣ»-ро дастгирӣ хоҳанд кард, вале то ҳанӯз равандҳои ҳамгироӣ ва ҳамроҳ­шавӣ ба мушоҳида нарасидааст. Ин падидаи хуб аз он шаҳодат медиҳад, ки бунёди ин созмон ботил буда, фаъолияташ дар доираи сиёсати «нооромиҳои идорашаванда»-и қудратҳои ҷаҳонӣ роҳандозӣ мешавад. Вале таъсиргузории ақи­да­ҳои «давлати исломӣ» дар кишварҳои ҷангзада ва аз нигоҳи сиёсӣ ноором, ба мисли Афғонистон хеле зиёдтар аст. Дар сурати васеъ шудани минтақаи нуфузи «давлати исломӣ» хатари пайдо шудан ва ҳамоҳангии бахшҳои хурди он дар кишварҳои дигар вуҷуд дорад. Бадбахтии дигар он аст, ки «давлати исломӣ» дар миқёси ҷаҳонӣ ба як бренди мӯд дар соҳаи иҷтимоиёт табдил ёфтааст. Илова бар ин, мавқеи ягона надоштани қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар масъалаи муборизаи дастҷамъона бар зидди созмони террористии «давлати исломӣ» дар рафти анҷом додани амалиёти ҷангии ҳавоӣ аз ҷониби кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Амрико ва Россия ошкоро тасдиқ гардид. Дар шакли зарба­ҳои ҳавоӣ ба роҳ мондани мубориза на танҳо камтаъсирубенатиҷа ва харобиовар буданд, балки боиси дар кишварҳои гуногун пароканда ва ҷойгузин шудани ҷангиёни ифротӣ гардиданд, анбӯҳи бешумори гурезагонро раҳсипори кишварҳои аврупоӣ намуданд. Ҳарчанд ҳама ме­хо­ҳанд дармони ин вабои асрро пайдо кунанд, вале то ҳанӯз ҳеҷ кишваре барои анҷом додани амалиёти ҷангӣ бо истифодаи нерӯҳои хушки­гард ҷуръат накардааст. Ин воқеият далолат бар он мекунад, ки ҳанӯз дар бораи комилан маҳв шудани инфрасохтори «давлати ис­ло­мӣ» сухан гуфтан барвақт аст ва ин душмани ҳаштпои оромии бай­­нал­­ми­ла­лӣ дар симову пӯшишҳои гуногун зуҳур карда метаво­над.  Аз ҷониби дигар, оғози даврҳои музокирот доир ба истиқрори сулҳ ва ояндаи  сиёсӣ дар қаламрави Сурия ба ихтилофи шадиди мавқеи кишварҳо ва манфиатҳои ҳизбу ҷараёнҳои зиддиҳукуматии дохилӣ таҳрики бесобиқа бахшид. Зеро саъю талошҳо барои нобуд сохтани инфрасохто­ри марказии созмони террористии ДИИШ дар қаламрави Сурия манфиатҳои сиёсӣ, динию мазҳабӣ, қавмию нажодӣ, марзию ҳудудӣ ва ниҳоят иқтисодию молиявии қудратҳоиҷаҳонӣ ва минтақави­ро дар  Ховари Миёна сароҳатан бозгӯ кард. Аз ин ҷиҳат барои дуруст муайян кардани омилҳои калидии гароиши ҷавонон дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Ховари Миёна аз аксари кишварҳои ҷаҳон боядзаминаҳои субъекти­вӣ ва объекти­вии ин тамоюлро муайян намоем. Чунин назокати корбурд ба масъала, аз як паҳлӯ, агар барои баҳодиҳии воқеъбинонаи вазъият мусоидат намояд, пас аз паҳлӯи дигар, роҳу усулҳои муассири пешгирӣ намудани ҳолатҳои эҳтимолиро дар фазои фарҳангӣ-сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгӯӣ карда метаво­над. Дар шароити кунунӣ ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва фарҳангӣ мо ба ҷуз дарёфти роҳи ҳалли дурусту фарогири масъала илоҷи дигаре надорем. Ҷавонони саодат­манд бояд тавассути панди пирони доно огоҳии комил дошта  бо­шанд, ки таҳоҷуми мафкура ва ҷаҳонбинии беруна, кӯркӯрона ва булҳа­ва­сона пайравӣ кардан ба ҳизбу ҷараёнҳои ифротӣ ба ҷуз пушаймонию саргардонӣ манфиати дигаре намеоварад. Бегумон ҳар раванду ҷараёни дурӯғин, риёкорӣ ва чоплусӣ оқибат ошкор хоҳад шуд ва созмони ба ном «давлати исломӣ» аз ин ҷумла истисно нест. Ва он рӯзҳо дур нест, ки чеҳраи воқеии созмону ҳаракатҳои зархариди олами ислом, шабакаҳои иҷтимоии фармоишӣ ва хоҷагону пуштибонони хориҷиашон ифшо мешавад. Ва тамоми башарият, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон тасдиқи мазмуни ояти каримаро «Ҷоа-л-ҳаққу, заҳақа-л-ботил; инна-л-ботила кона заҳуқо» – «Ҳақ омад ва ботил нобуд шуд; ба дурустӣ ки ботил нобудшаванда аст» (Исро, 17:81) амалан эҳсос хоҳанд кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин вазъияти мураккаби сиёсӣ бо такя ба таҷрибаи сулҳва кон­сеп­си­яи мукаммали ваҳдатофаринии худ корҳои пешгирию фаҳмондадиҳӣ, фаъолиятиилмию таҳлилӣ ва ҷомеапазириро васеъ ба роҳ монда, тамоми имкониятҳоро барои паст кардани шиддати ифротга­роӣ, терроризми динӣ ва решакан кардани гароиши ҷавонон ба сафи таш­ки­лоти террористии «давлати исломӣ» роҳандозӣ карда истода­аст. Вазъияти байналмилалӣ ва идома ёфтани ҳуҷумҳои сиёсӣ, иқти­содӣ ва фарҳангӣ ба кишварҳои мусулмонӣ дар заминаи сӯъиистифода аз ар­зиш­ҳои дини ислом бар он далолат мекунад, ки таъсиси ҳаракатҳои сиёсӣ-идеологии монанд ба созмони террористии ба ном «давлати исломӣ» як навъ таҷрибаи ҷаҳонӣ шудааст. Таҳлили фазои иттило­о­тӣ аз он дарак медиҳад, ки қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар роҳандозӣ намудани сиёсати худ ҳанӯз аз тактикаи дастгирии молия­вию низомии ҷангҳои динию мазҳабӣ ҳамчун омили асосии нигаҳдо­рии ихтилофот дар Ховари Миёна даст накашида­анд. Чунин раванд ба вазъи муносибати давлат ба дин дар ҷомеаҳои арабию мусулмонӣ таъсир расонида, ҳар лаҳза метавонад ҳамзистии онҳоро халалдор созад.

Фарҳанги ваҳдати миллӣ имрӯз ба хотири ҳифзи манфи­ат­ҳои давлатдории миллӣ ва пойдории сулҳу субот бояд рисолати сиёсию иҷтимоии худро бори дигар ба маърази кору пайкори созанда барорад ва аз нигоҳи илмию назариявӣ собит намояд, ки стратегияи рушди устувори иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон орзуи беш аз ҳазор сол дар замири поки ниёгони пурифтихорамон нуҳуфта аст ва ба ҷуз он чизи дигаре нест.

Ва ниҳоятан, бояд ҷомеаи ҷаҳони мутамаддин бидонад, ки дар ҳамон солҳои мудҳиши 1992-1997 миллати тоҷик тамоми масъулияти мубориза бар зидди экстремизм ва терроризми диниро ба дӯши худ гирифта, бар ивази қурбониҳои ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодию молиявӣ садди роҳи ин раванди номатлуб шуд ва паҳншавии онро дар минтақа ва дигар кишварҳои аъзои ИДМ муваффақона пешгирӣ кард. Насли ҷавони мо бояд аз ин ҳақиқати талх, вале бисёр наҷиби таърихи навини миллати мо огоҳ бошад, ба қадру манзалаташ бирасад ва онро арҷгузорӣ намояд.

Файзулло Баротзода,

директори Маркази исломшиносӣ дар

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон

Май 5, 2016 18:07

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст