Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ: «Эмомалӣ Раҳмон шахсияти таърихист»

Май 25, 2016 17:29

Душанбе, 25.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх мулоқот кард.
Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ аз мулоқоти  судманду самимӣ бо Пешвои миллат изҳори хушнудӣ намуда, ба хабарнигорон иброз намуд, ки: «Ин мулоқот таҷассумгари равобити бародарона ва неки роҳбарияти олии ҳарду кишвар ва мардумони кишвар мебошад. Дар мулоқот оид ба натиҷаҳои музокирот бо раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот додам ва Ҷаноби олиро дар ҷараён гузоштам, ки имрӯз парламентҳои ҳарду кишвар ҷиҳати амалӣ сохтани тавофуқоти байни роҳбарияти ду кишвар ба амаломада талош меварзанд. Инчунин дар робита ба иҷрои созишномаҳои дуҷонибае, ки аллакай ба тасвиб расидаанд, иқдомҳои зарурӣ меандешанд, то онҳо батадриҷ амалӣ гарданд».
Доктор Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим Оли Шайх иброз намуд, ки дар бораи Пешвои миллати тоҷикон бисёр шунидааст ва Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун шахсияте, ки бо сабру талошҳои пайгиронаи худ кишвари Тоҷикистонро аз ҷанги шаҳрвандӣ ва хатари нестшавӣ наҷот дода, ободу зебо гардонидааст, мешиносад. Ӯ аз он сарфароз аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ рӯ ба рӯ суҳбат кардааст.
«Таассуроти ман аз ин сафар нек ва олӣ аст. Ин сафар аз ду қисмат иборат аст. Қисмати аввал доир ба мардуми тоҷик аст, албатта, дар бораи мардуми тоҷик бисёр хондаму шунидаам, тоҷикон  меҳмоннавоз ва хоксоранд. Он чизеро, ки имрӯз дидам, дар ҳақиқат ба хондаву шунидаам рост омад. Қисмати дуюми таассуротам аз шахсияти Ҷаноби олӣ аст. Мо Ҷаноби олиро ҳамчун шахси таърихӣ дарёфтем. Шахсияти бисёр олӣ ва муассир, инчунин маълумот гирифтем, ки он кас маълумоти сиёсии худро аз парламенгт оғоз намуда, фаъолият низ кардаанд.  Аз ҳамин хотир оид ба фаъолияти парламент, масъалаҳои мубрами мардум ва минтақа огоҳ ҳастанд ва барои ҳалли онҳо кӯшиш кардаанд ва кӯшиш мекунанд»,- илова намуд Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ.
Раиси Маҷлиси Шӯрои Мамлакати Арабистони Саудӣ изҳори умед кард, ки муносибатҳои   нек байни ду кишвар дар оянда таҳкиму густариши бештарро касб хоҳанд кард ва ин муносибатҳо на танҳо ба манфиати ду мардуму ду кишвар аст, балки ба нафъи тамоми кишварҳо равона шудааст. Ҳадафи ин муносибатҳо нек ва амалӣ намудани сулҳу истиқрор дар тамоми ҷаҳон аст.

Май 25, 2016 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт