Раъйпурсӣ шакли демократияи бевосита дар низоми давлатдорист

Май 3, 2016 17:06

Душанбе, 03.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ташаккули давлатдории муосири Тоҷикистон ниҳодҳои бевоситаи демократия ҷойгоҳи муҳимро доро мебошанд.

Раъйпурсӣ (референдум) ва интихобот — ниҳодҳои бевоситаи демократия мебошанд, ки аз ҷиҳати мақсад ва субъект бо ҳам монанд буда, вале аз ҷиҳати объект ва натиҷа гуногунанд. Максади  онҳо  ифодаи иродаи мардум аст. Қисмати субъективии он, шаҳрвандоне мебошанд, ки ҳуқуқи дар раъйпурсӣ ва интихобот иштирок карданро доранд.

Фарқи асосии интихобот аз раъйпурсӣ дар объекти ифодаи иродаи интихобкунандагон мебошад. Дар интихобот номзад ба вакили мақомоти намояндагӣ ё ба ягон мансаб объект аст. Дар раъйпурсӣ объекти ифодаи ирода на шахс (номзад), балки саволи мушаххас–қабули қонун, тағйирот ё  бекор кардани он ва масъалаи дигаре мебошад, ки ба давлат, минтақа ва ё ҳудуди муайяне дахл дорад.

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои 90-уми асри ХХ давраи ташаккули давлатдории тоҷикон, ниҳодҳои демократӣ, аз ҷумла рушди демократияи бевосита маҳсуб мешаванд. Агар оид ба масъалаи гузаронидани интихобот аз давраи Шӯравӣ таҷрибаи амалии муайяне мавҷуд буд, аммо чунин шакли қабулшудаи қонунӣ ҳамчун раъйпурсӣ фаҳмиши муайян ва таҷрибаи татбиқи онро талаб мекард.

Вобаста ба он, ки бо кадом роҳ – бевосита ё бавосита   ирода ва манфиатҳои халқ изҳор мешавад, ду навъи шакли демократия мавҷуд аст:

1) шакли намояндагии демократия–интихобот (мақомоти интихоботии ҳокимияти давлатӣ,  мақомоти интихоботии ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ), ки тавассути он халқ ҳокимиятро ба воситаи намояндагони худ интихоб менамояд;

2) шакли бевоситаи демократия–раъйпурсӣ (ҷаласаҳо, вохӯриҳо, мулоқот ва ғайра), ки ба воситаи он масъалаҳои асосии давлатӣ ва ҳаёти ҷамъиятӣ аз ҷониби халқ бевосита ҳал карда мешаванд.

Тавре дар моддаи 6–и Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”.   Дар мақолаи мазкур мо дар бораи шакли демократияи бевосита–раъйпурсӣ ибрози андеша менамоем.

Раъйпурсӣ (аз калимаи лот. referendum – чизе, ки бояд хабар дода шавад) — пурсиши оммавӣ, овоздиҳиест, ки дар он шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ иштирок менамоянд.  Раъйпурсӣ ҳамчун шакли демократия дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон  барои таъмини изҳори озоди иродаи шаҳрвандон оид ба доираи васеи масъалаҳо  аҳамияти хосса дорад.   Дар моддаи 1 -и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин гуфта шудааст: «Раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоздиҳии умумихалқӣ оид ба масъалаҳои муҳими  ҳаёти давлатию ҷамъиятии ҷумҳурӣ мебошад. Ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи раъйпурсӣ тағйиру иловаҳо дохил карда мешаванд».   Дар адабиёти илмӣ раъйпурсии конститутсионӣ, қонунбарорӣ ва машваратӣ  муайян карда шудаанд. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мафҳуми “раъйпурсии конститутсионӣ” оварда шудааст, ки моҳияти он баррасии масъалаҳо оид ба қабули конститусияи нав ва ё тағйиру иловаҳо ба он мебошад.   Ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ танҳо дар ҳолати мавҷудияти ниҳодҳои ташаккулёфтаи демократияи бевосита устувор ва  самаранок фаъолият менамоянд. Густариши пайвастаи иштироки шаҳрвандон дар идоракунии корҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсӣ хеле зарур аст.   Ба андешаи мо, барои омӯзиши дақиқи ниҳоди раъйпурсӣ бояд онро дар доираи демократияи ғарбӣ, ки дар он раъйпурсӣ шакли нави иштироки бевоситаи аҳолӣ дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, инчунин ҳалли мушкилоти ҳудудӣ, дохилидавлатӣ ва байнидавлатӣ нест, дида бароем. Дар адабиёти илмӣ ва ҳуқуқӣ санаи баргузории аввалин раъйпурсӣ дар таърихи инсоният соли 1439 ва «ватан»-и он Швейтсария  зикр шудааст. Дар асрҳои минбаъда то замони ҳозира дар ин кишвар дар сатҳҳои гуногун раъйпурсиҳои зиёде гузаронида шуданд, ки беш аз сад адади онҳо танҳо ба масъалаҳои конститутсионӣ дахл доштанд. Дар Фаронса, Италия, Дания, Норвегия, Ирландия, Бразилия, Уругвай ва кишварҳои дигар  чандин маротиба раъйпурсӣ баргузор гардидааст. Аз ҳама машҳуртарин раъйпурсӣ, ки пеш аз оғози Ҷанги якуми ҷаҳон сурат гирифта,  таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалиро ба худ ҷалб кард, раъйпурсии соли 1905 дар Норвегия буд. Хусусияти ин раъйпурсӣ дар он буд, ки, аввалан, тавассути он масъалаи муҳим, яъне ҳузури минбаъдаи ин давлат дар иттиҳоди воқеӣ бо Шветсия ҳаллу фасл мегардид, баъдан қарори он дар асоси афкори ҷомеа, ки ба манфиати озодии Норвегия аз ин иттиҳод буд, пешакӣ муайян карда шуд.  Ниҳоди раъйпурсӣ дар охири асри XIX  ва аввали асри XX дар сарқонунҳои як қатор штатҳои ИМА мавқеи қонунӣ пайдо кард. Бархе аз олимони сиёсии Амрико менависанд, ки шурўъ аз соли 1898 як қисм штатҳои алоҳида “ба одамон барои иштироки бевосита дар раванди қабули қонун бо истифода аз чунин шаклҳо ҳамчун “ташаббус ва раъйпурсӣ »  тибқи қонунгузорӣ  имкон доданд.   Ҳоло кишвареро, ки дар он  раъйпурсӣ дар ин ё он дараҷа истифода нашуда ё  ҳадди ақал ин масъала баррасӣ нагардида бошад, номбар кардан мушкил аст.  Гузашта аз ин, истифода аз раъйпурсӣ, хусусан дар солҳои 60-80 –ум  бошиддат  афзоиш ёфт.  Барои мисол, дар ИМА, ки тибқи қонунгузорӣ  баргузории раъйпурсӣ тақрибан дар сатҳи ҳар як штат (ба истиснои Делавэр) ва дар сатҳи маҳаллӣ пешбинӣ гардидааст, ҳар сол ба ин ниҳод  аз 12 то 15 ҳазор ҳолати муроҷиат ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар кишварҳои Аврупои Ғарбӣ (ба истиснои   Швейтсария) фақат дар сатҳи миллӣ  аз давраи мақоми конститутсионӣ пайдо кардани ин шакл  зиёда аз 100 раъйпурсӣ гузаронида шудааст.  Тибқи арзёбии давлатшиносон ва ҳуқуқшиносони швейтсарӣ, дар ин мамлакат, ки аз  ҷиҳати истифодаи раъйпурсӣ  дар сатҳи федералӣ ва “умумимиллӣ” дар ҷойи аввал меистад, шурўъ аз соли 1843  беш аз 240 раъйпурсӣ гузаронида шудааст.  Ҳар як раъйпурсӣ ҳамчун падидаи нодир ин ё он вокунишҳои ҷамъиятиро ба вуҷуд меорад.  Барои мисол, баъди ҷанг  дар Фаронса раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсия (соли1958 ), дар Алҷазоир оид ба хотимаи ҷанг (соли 1961 ), тағйирот дар муқаррароти Конститутсия дар бораи тартиби интихоби Президенти ҷумҳурӣ (соли 1962 ), ислоҳоти Сенат ва таъсиси минтақаҳо (соли1969), васеъ намудани ҷомеаи иқтисодии Аврупо тавассути қабули Британияи Кабир, Дания, Ирландия ва Норвегия (1972) ва дигарон садоҳои зиёдеро ба вуҷуд оварданд. Раъйпурсӣ баробари дар мамлакатҳои Ғарб васеъ истифода шудан инчунин дар кишварҳои рў ба тараққӣ ва собиқи Иттиҳоди Шўравӣ   низ мавриди истифода қарор гирифт .  Чунончи, баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон   оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки садҳо ҳазор ҷони одамонро аз байн бурд, паси сар кард. Бинобар ин, роҳбарияти сиёсии кишвар қарор қабул кард, ки соли 1994 раъйпурсӣ  оид ба қабули Конститутсия ва интихоботи Президент баргузор гардад.  Қабули қарор дар бораи баргузории раъйпурсӣ барои Конститутсия ва интихоби Президент метавонист  қадами дуюм ва ҳалкунанда ба сӯйи ҷалб намудани оммаи халқ дар раванди идоракунии давлат  табдил ёбад. Ин қадам дорои якчанд ҷанбаҳои мусбат буд: ·

Якум, барои шаҳрвандон имкон дода шуд, ки иродаи худро изҳор намуда, пояҳои давлати мустақилро барои ҳалли мушкилоти мураккаби иҷтимоӣ ва сиёсӣ муайян кунад.·

Дуюм, кӯшиш карда шуд, ки шаҳрвандон дар амалӣ намудани ҳокимият ҷалб карда шаванд.·

Сеюм, дараҷаи иштирок ва намояндагии манфиатҳои гуногуни аҳолӣ муайян карда шуд.·

Чаҳорум, барои бартараф намудани бегонашавии сиёсии аҳолӣ кӯшиш ба харҷ дода шуд.·

Панҷум, ба халқ имконият дода шуд, ки бо дарназардошти иштирок дар интихобот дар оянда ҳуқуқи назорат аз болои ниҳодҳои давлатиро пайдо кунад.

Дар вазъияти мураккаби иҷтимоию сиёсӣ ташкил ва гузаронидани интихобот ва раъйпурсӣ ба таҳкими асосҳои меъёрию  ҳуқуқии давлат ва интихоби роҳбари сиёсии арзанда, ки тавонад  давлати тоҷиконро аз марги ногузир наҷот диҳад, мусоидат намуд.

Ҳамин тариқ, баргузории раъйпурсӣ оид ба қабули Конститутсия ва интихоботи президентӣ дар сарҷамъ намудани захираҳои инсонӣ дар ҷомеаи тоҷик, бартараф кардани бегонашавии сиёсӣ ва фаъолнокии шаҳрвандон,  қадами аввалин ва ҳалкунанда гардид.  Ризояти ҷамъиятӣ дар шароити муайян, ки иҷрои таѓйироти зиёдеро,  чи дар сохтори давлатӣ, чи дар санадҳои   меъёрию ҳуқуқии кишвар талаб менамуд, ба даст оварда шуд. Дар ин замина ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда лозим буд.   Бо назардошти эҳтиёҷоти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон ва мувофиқи талабот  ва пешрафти он, дар солҳои 1999 ва 2003 ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки ин барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, оғози раванди татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баланд бардоштани сатҳу  сифати зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам овард.   Дар хотима оид ба раъйпурсӣ ҳамчун ниҳоди демократияи бевосита дар низоми давлатдории Тоҷикистон метавон чунин хулосабарорӣ кард:

1. Раъйпурсӣ дар низоми демократияи бевосита, ки бо хусусиятҳои муқарраршудаи худ дар шакли овоздиҳии умумихалқӣ, яъне  ифодаи иродаи шаҳрвандон дар ҳудуди таъсисёфтаи оммавии ҳуқуқӣ, ки ба қабули ниҳоии қарори ҳукуматӣ равона карда шудааст, ҷойгоҳи махсусро доро мебошад.

2. Муқоисаи раъйпурсӣ бо интихобот ҳамчун ниҳодҳои демократияи бевосита ба мо имкон медиҳад, то изҳор намоем, ки раъйпурсӣ ин шакли мустақили таърихии демократияи бевосита мебошад.

Маҳбуба  КАМОЛОВА,

номзади илмҳои сиёсӣ, 

муовини сардори Раёсати омўзиши

масъалаҳои амнияти минтақавии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 3, 2016 17:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст