Сарвари давлат ҷавонони деҳотро ба корҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ даъват кард

Май 27, 2016 15:37

Душанбе, 27.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Дар  ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, ки имрӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, Сарвари давлат гуфт, ҳарчанд ки тамоюли кам шудани ҷиноятҳо дар чаҳор моҳи охири соли равон аз ҳисоби ҷавонон ба мушоҳида мерасад, вале ин бояд боиси қаноатмандӣ нагардад.
Тибқи маълумот дар давоми солҳои 2014-2015 ва чор моҳи соли 2016 — ум беш аз 13 ҳазор ҷинояти аз тарафи ҷавонон содиргардида ба қайд гирифта шудааст, ки аз шумораи умумии ҷиноятҳо 26 фоизро ташкил медиҳад.
Аз ин лиҳоз, Сарвари давлат роҳбарони аввали мақомоти марказӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуд, ки миёни ноболиғон ва ҷавонон корҳои тарбиявӣ ва пешгирикунандаро вусъат бахшанд ва барои ба шуғл фаро гирифтани онҳо ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон махсусан таъкид кард, ки дар ин самт корро дар деҳот ҷоннок карда, барои ба корҳои кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав ва таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷалб кардани онҳо чораҷӯӣ намоянд, бо мақсади ҳавасманд намудан ва рӯҳбаланд гардонидани ҷавонон чорабиниҳои фарҳангиву варзиширо дар миёни онҳо бештар ба роҳ монда, иштироки фаъолашонро дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҷомеа таъмин гардонанд.
«Кам аҳаммият додан ба ин масъалаҳо боис шудааст, ки иддае аз ҷавонони сустирода ва аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор бо иллати бекорӣ ва бешуғлӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шуда, эътибору обрӯи кишварро дар арсаи байналмилалӣ паст зада истодаанд. Аз рӯи маълумоти мақомоти дахлдор ҳоло садҳо нафар шаҳрвандони мо, ки қисми зиёдашон ҷавонон мебошанд, ба сафи гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ шомил шуда, аз байни онҳо то имрӯз 300 нафар кушта шудаанд. Аз ин ҳисоб 36 нафарашон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар мебошанд», гуфт Пешвои миллат.
Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, корҳои дохилӣ, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои рафъи камбудиҳои зикршуда тадбирҳои ҷиддӣ андешанд ва корро миёни наврасону ҷавонон, аз ҷумла ҷавонони деҳот пурзӯр гардонанд.

Май 27, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд