Сарвари ДИ дар Ал-Фаллуҷ дар натиҷаи зарбаи ҳавоии ИМА маҳв карда шуд

Май 28, 2016 11:40

Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз сарони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» Махер ал-Билавӣ дар натиҷаи зарбаи ҳавоии ИМА маҳв карда шуд. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.

Ин маълумотро рӯзи ҷумъа дар брифинг барои хабарнигорон намояндаи фармондеҳии амалиёти зиддитеррористии Амрико дар Ироқ ва Сурия полковник Стив Уоррен тасдиқ намуд.

«Мо ӯро ду рӯз қабл дар натиҷаи зарбаи ҳавоӣ маҳв кардем. Ин амал бо шарофати маълумоти иктишофии бадастомада, бахусус аз атрофиёни ал-Билавӣ, ки неруҳои ДИ-ро дар Ал-Фалуҷ роҳбарӣ мекард, муяссар шуд»,-гуфт Уоррен.

Май 28, 2016 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид