Савганди ҳарбии беш аз 300 нафар бахшида ба 22-юмин солгарди қӯшунҳои сарҳадӣ

Май 27, 2016 15:45

Душанбе, 27.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба 22-юмин солгарди таъсиси қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ 27 май дар маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ беш аз 300 нафар сарбозони навдаъватшуда Савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Дар ин чорабинии тантанавӣ муовини якуми Фармондеҳ-сардори Сарситоди  қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Изатулло Файзуллоев, муовини Фармондеҳ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Бадридин Мирзоев,  сардори маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-майор Б.Муминҷонзода, намояндагони сарҳадии Федератсия Русия дар Тоҷикистон, собиқадорони қӯшунҳои сарҳадӣ, падарону модарони сарбозон ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Муовини Фармондеҳ-сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Изатулло Файзуллоев зикр кард, ки маҳз бо шарофати садоқату ҷасорати касбӣ, фидокориву ҷоннисорӣ ва хизматҳои шабонарӯзӣ имрӯз дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор гардида, мардум зиндагии осоишта доранд.
«Бояд  зикр  кард, ки мубориза  бар зидди  ҳама гуна хатарҳои эҳтимолӣ бахусус терроризми байналмилалӣ, экстремизми сиёсӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб аз ҳар як афсару сарбоз омодабошии доимии ҳарбиро тақозо менамояд, зеро ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ба  ҳар як фарди содиқ ва бонангу номуси ин Ватан вобастагӣ дорад.  Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба Ватан ва Савганди ҳарбӣ мебошад»,-илова намуд И. Файзуллоев.
Дар анҷоми маросими тантанавӣ ба афсарону сарбозон  барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва медалҳои ҷашнӣ тақдим гардиданд.

Май 27, 2016 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд