Тоҷикистон бо Саудӣ ҳамкориро дар мубориза бо ҷинояткорӣ тақвият мебахшанд

Май 27, 2016 14:38

 Душанбе, 27.052016/АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона  тақвият мебахшанд. Дар ин росто 27 май вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Созишномаи байни Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориро ба тасвиб расониданд.
Умарзода Икром Ислом-муовини вазири корҳои дохилии кишвар санади мазкурро тавзеҳ дода, гуфт, ки  дар асоси ин Созишнома ду кишвар ҳамкориро дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилона, экстремизм ва терорризм тақвият мебахшанд. Инчунин санади мазкур  заминаи мусоиди ҳамкории ду кишварро дар самти дастгир намудани шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят гунаҳгор дониста шудаанд,   гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир,  моддаҳои психотропӣ, табодули маълумот оид ба фаъолияти афрод ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша, кофтукови шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта, ки нисбат ба онҳо ҳукми суд содир шудааст ва табодули маълумот оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ   ва ҷиноятҳои расмигардонии маблағҳоро фароҳам меорад.
Бояд тазаккур дод, ки  Созишномаи мазкур 3 январи соли 2016 дар шаҳри Риёзи Арабистони  Саудӣ ба имзо расонида шудааст.

Май 27, 2016 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид