А. Раҳнамо: «Сулҳи тоҷикон бояд ҳамчун мактаб, методология ва таҷриба муаррифӣ гардад»

Июнь 21, 2016 09:32

Душанбе, 21.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Суҳбати хабарнигори «Ховар» бо сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо

АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорад. Дар бораи аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон дигар ҷойи шакку шубҳа намондааст. Бигӯед, ки барои муаррифӣ ва шинохти боз ҳам беҳтару бештари сулҳи беназири тоҷикон имрӯз бояд чӣ иқдомҳое анҷом шаванд?

А.Раҳнамо: Дар бораи аҳамияти таърихии сулҳи тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт». Ин суханон то чи ҳад бузург будани аҳамияти сулҳ ва ваҳдати миллӣ барои кишвар ва миллатро пурра ифода мекунанд.

Дар мавриди муаррифии беҳтару бештари таҷрибаи сулҳи тоҷикон бояд гуфт, ки ин таҷриба аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гаштааст. Сулҳи тоҷикон то имрӯз низ ҳамчун яке аз муваффақтарин таҷрибаҳои сулҳофарӣ дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад. Аммо, бояд гуфт, ки ин таҷрибаи нодир то кунун ҳамчун як назарияи илмӣ ҷамъбаст нашудааст, ба илм, методология ва ба дониши қобили интиқол табдил наёфтааст. Ин ҷо мақсад фақат навиштани хронология ё рӯзу солу моҳу ҷойи воқеаҳо нест, балки илова бар он, бояд таҳлилу арзёбии таърихӣ, равонӣ, фалсафӣ ва сиёсии ин таҷриба анҷом дода шавад, зеро, барои бақои як таҷриба бисёр муҳим аст, ки он ҷамъбасти назариявӣ ёбад ва ба ин васила ба наслҳои оянда интиқол гардад. Бинобар шиддат ёфтани низоъҳо дар ҷаҳони имрӯз, таҷрибаи сулҳи тоҷикон арзиши муаррифии боз ҳам васеътар дар сатҳи ҷаҳонӣ пайдо намудааст. Ин сулҳ ҳамчун маълумот ва таърих нашр шудааст, вале акнун он бояд маҳз ҳамчун мактаб, методология ва таҷриба муаррифӣ гардад. Консепсияи нави сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии симои мусбат ва муосири кишварро яке аз вазифаҳои муҳими дипломатияи тоҷик медонад. Дар ин росто, маҳз ҳамин дастоварди умумимиллии мо метавонад яке аз муаррификунандаҳои мусбати симои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бошад.

АМИТ «Ховар»: Барои ин мушаххасан чӣ корҳоро анҷом бояд дод?

А.Раҳнамо: Албатта, ҷамъбасти илмию назариявии як таҷриба кори бисёр мушкил аст. Он басе мушкилтар аз навиштани хотираҳо дар бораи он солҳо ва ё тадвини таърихи раванди сулҳ аст. Дар ин самт мувофиқи мақсад мебуд, ки бо ҳадафи омӯзиши ҳамаҷонибаи таҷрибаи сулҳи тоҷикон як марказ ва ё Пажӯҳишгоҳи сулҳ ва ваҳдати миллӣ таъсис дода шавад. Ин пажӯҳишгоҳ илова бар омӯхтан ва ба назарияи илмию методологӣ табдил додани таҷрибаи сулҳи тоҷикон, вазифаи нашру таълими ин таҷриба дар сатҳи миллӣ ва байналмилалиро низ ба дӯш хоҳад дошт. Ё мумкин аст дар шаҳри Душанбе филиали Донишгоҳи сулҳи Созмони Милали Муттаҳид кушода шавад ва Тоҷикистон метавонад аз СММ чунин дархост намояд. Фаъолияти чунин маркази илмию таълимии сулҳофарӣ ва ҳалли буҳронҳо имрӯз барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки як ҳавзаи буҳронхез аст, зарур мебошад. Аммо, феълан, то амалӣ шудани ин барномаҳои нисбатан калон,  бо мақсади ба наслҳои оянда ва олимону муҳаққиқони дохилӣ ва хориҷӣ дастрас гаштани таҷрибаи сулҳи тоҷикон ташкили Бойгонии раванди сулҳ ба мақсад мувофиқ аст, зеро, ҳоло қисми асосии санаду ҳуҷҷатҳои тамоми давраҳои музокирот, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ ва раванди сулҳсозӣ дар ихтиёри шахсони алоҳида ва иштирокчиёни ҷудогона қарор дошта, эҳтимоли аз байн рафтани ин хазинаи барои таърихи миллат муҳим пеш омадааст. Ҳамчунин имконпазир аст, ки Осорхонаи сулҳи тоҷикон низ ташкил ёбад.

АМИТ «Ховар»: Дар мавриди тақвияти ваҳдати миллӣ дар шароити имрӯза чӣ андеша ва пешниҳодот доред?

А.Раҳнамо: Дар масъалаи тақвияти ваҳдати миллӣ дар шароити муосир барои мо мувофиқи мақсад мебуд, ки дар корбурди идеологӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд фаҳмиши ваҳдати миллӣ таҳаввул ёфта, он на танҳо ба маънои «созишномаи байни ду ҷониб», балки ба маънои ваҳдат ва ҳамзистии намояндагони тамоми неруҳо, ақидаҳо, наслҳо ва халқҳо дар сатҳи кишвар фаҳмида шавад, зеро, дар ду даҳсолаи пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дар ҷомеа насли нав ва неруҳои сиёсию ҷамъиятие ба миён омадаанд, ки онҳо низ бояд худро дар мафҳуми фарогири ваҳдати миллӣ амалан шарик бинанд. Ба ин хотир, ки ваҳдати миллӣ раванди миллии таърихӣ ва ваҳдати ҳамагон аст.

Имрӯз ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон маҳз ҳамин моҳияти фарогирро касб кардааст ва он бояд ҳамин тавр дуруст фаҳмида ва фаҳмонда шавад. Чунин ваҳдати фарогиру устувор бо аз раванд баромадани як шахс ё як гурӯҳ аз байн намеравад. Бинобар ин, гумони ин ё он шахс ё гурӯҳ, ки агар ман набошам, агар дар ҷашни Рӯзи ваҳдат ман иштирок накунам, ваҳдати миллӣ дигар маъно надорад, худ як гумони бепоя аст. 

Сониян, барои таҳкими ваҳдати миллӣ зарур аст, ки андешаи сулҳу ваҳдат ба фарҳанги умумӣ табдил ёфта, дар сатҳи як зарурати ҷамъиятӣ ва фардии ҳар як шаҳрванди кишвар фаҳмида шавад. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам амалишавии орзую манфиатҳои шахсии ӯ фақат дар сурати сулҳу ваҳдат имконпазир мебошад. Ҳамин пайванди ваҳдат бо манфиати шахсии ҳар шаҳрванд як пояи устувории он хоҳад буд.

АМИТ «Ховар»: Ҳамин гуна фаҳмиши васеъ ва фарогири мафҳуми ваҳдати миллиро чӣ гуна ба як тафаккури амалии ҷомеа, хусусан насли ҷавон табдил диҳем?

А.Раҳнамо: Вақте мафҳуми фарогири ваҳдати миллӣ ба идея ва тафаккури тамоми ҷомеа табдил меёбад, он дигар «тараф» надорад, он нуқтаи пайванди ҳамагон аст. Дар ин самт низ метавон баъзе иқдомҳои ҷамъиятӣ ва давлатиро пешниҳод намуд, ки татбиқи онҳо метавонад бисёр муфид бошад. Масалан, беҳтар мебуд, ки минбаъд дар ду сол як бор дар остонаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сатҳи вилоятҳо ва сипас, дар пойтахти кишвар «Форуми ваҳдати миллӣ» баргузор гардад, ки он ҳаёту фаъолияти намояндагони тамоми ҳизбу ҳаракатҳо, дину мазҳабҳо, наслҳою пешаҳо ва қавму халқиятҳои сокини Тоҷикистонро инъикос намояд. Ин чорабинии ҷумҳуриявӣ бояд бахшҳои расмию тантанавӣ, илмию таҳлилӣ, намоишгоҳҳои фарҳангу дастовардҳои минтақаҳои кишвар, зиндагию фаъолияти намояндагони халқу миллатҳои сокини Тоҷикистон, фестивали ҳунарии минтақаҳо ва халқу миллатҳоро дар бар гирад. Бо баргузории чунин форум мо бояд тамоми рангинии ҳаёти кишвар ва зебоии диёри азизи худро ба намоиш гузорем.

Дар айни замон, бояд бо мақсади таҳкими амалии ваҳдати миллӣ рушди сайёҳии дохилиро низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор диҳем. Бояд барномаҳое тарҳрезӣ шаванд, ки дар чорчӯби онҳо қишрҳои гуногуни аҳолӣ, хусусан, ҷавонон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат дидан намоянд, бо мавзеъҳои нодири табиӣ ва бо ҳаёту фаъолияти мардум аз наздик шинос шаванд. Ҳоло аз тамоми ҷаҳон сайёҳон барои дидани Саразму Ҳулбук, Гармчашмаву Қуллаи Исмоили Сомонӣ, дараи Ромиту Камаров, Искандаркӯлу Сарихосор меоянд, вале аксари кулли аҳолии худи Тоҷикистон ҳанӯз ин ҷойҳоро надидаанд ва дар бораашон тасаввури амалӣ надоранд. Хушбахтона, имрӯз барои татбиқи ин пешниҳод заминаҳои мусоид мавҷуданд. Ҳоло дар саросари кишвар роҳҳо сохта шуда, робитаи байни вилояту минтақаҳои мамлакат дар тамоми фаслҳои сол имконпазир мебошад. Вале агар имрӯз масалан, дар минтақаи Рашт аз мардум пурсида шавад, ки чанд фоизи онҳо вилояти Суғдро дидаанд ё агар дар вилояти Суғд аз мардум пурсем, ки чанд фоизи онҳо Бадахшонро дидаанд, ҳатман хоҳем дид, ки ҳамдигаршиносӣ ва кишваршиносии мардуми мо ҳанӯз заиф аст, фоизи омезиши миллии мо ҳанӯз паст аст.

Рушди сайёҳии дохилӣ метавонад тасаввурҳои ғайривоқеии мардуми минтақаҳои кишвар дар бораи ҳамдигарро аз байн бурда, ваҳдати миллиро ба сатҳи табиӣ ва инсонӣ барорад, ки он устувортарин шакли ваҳдат аст. Он ватаншиносии моро аз сатҳи китобию телевизионӣ ба сатҳи амалӣ ва вуҷудӣ мебардорад. Ин сатҳи дигари ватандӯстӣ, балки авҷи ватандорист.

АМИТ «Ховар»: Оид ба мавҷудияти баъзе хатарҳои нав ба ваҳдати миллӣ дар замони муосир ишора кардед. Барои ҳифзи ваҳдат аз таъсири ин хатарҳо чӣ бояд кард?

А.Раҳнамо: Бале, мураккаб шудани вазъияти байналхалқӣ хатарҳои наверо ба  суботу амният ва ваҳдату истиқлолияти кишварҳо ба вуҷуд овардааст, ки муҳимтарини онҳо ифротгароии динӣ ва терроризми байналхалқӣ мебошад. Ин падида ҳамчун абзори бераҳми муборизаҳои геополитикиии қудратҳои ҷаҳонӣ истифода мешавад. Чун дар масъалаи мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм мулоҳизаҳои бисёр гуфта шудаанд, ин ҷо мехостам ба як хатари то ҳадде заифтар ишора намоям, ки он авҷ гирифтани таҳоҷуми иттилоотӣ ба ваҳдати миллии мост. Ин ҳуҷумҳо хусусан бо истифода аз шабакаи интернет ва расонаҳои хабарии электронӣ амалӣ карда мешаванд, ки ба ҷавонон таъсири ҷиддӣ мегузоранд. Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки агар дар зеҳни ҷомеа иттилоот ва ахбори хориҷӣ бар ахбори дохилӣ ғалаба кунад, ҳифзи ваҳдату субот бо усулҳои анъанавӣ номумкин мешавад. Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, ки роҳҳои иттилоотӣ ва муосири ҳифзи Ваҳдати миллӣ низ истифода шаванд. Дар ин самт хусусан доштани расонаҳои иттилоотии чандзабонае, ки аз назари сатҳи касбӣ, огоҳии сиёсӣ ва имкониятҳои фаннию молӣ бо расонаҳои хориҷӣ рақобатпазир бошанд, зарур аст. Ва иқдоми дигаре, ки дар ин самт муҳим аст, пайваста боло бурдани огоҳӣ ва ҳушёрии сиёсии мардум мебошад. Дар чунин замони мураккаб маҳз мардуми огоҳ ва худшинос метавонад аҳамияти ваҳдату суботро дуруст дарк намуда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд.

 

Суҳбати А.Сангзода

Июнь 21, 2016 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад