Қадрдонии бонувон-ихтироъкорони ҷумҳурӣ дар Кореяи Ҷанубӣ

Июнь 28, 2016 15:31

Душанбе, 28.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки аз 14 то 24 июн дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, 3 ихтирои бонувон-ихтироъкорони ҷумҳуриро пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот бо  се медал- тилло, нуқра ва биринҷӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз  ҷумла, Биҳамида Маҳкамова барои ихтирои «Нақеъи Фитосуман» ҳамчун маводи зиддимикробӣ  соҳиби медали тилло ва Дипломи Президенти Ассотсиатсияи ихтироъкорон ва навоварони Тайван,  Заррина Яминова барои ихтирои «Тарзи ҳосилкунии оҳор барои нахи пахтагӣ» соҳиби медали нуқра, Мубоширахон Раҳимова барои ихтирои «Тарзи дарёфти равғани зағир» соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Ин соли панҷум аст, ки ихтироъи бонувони тоҷик дар намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки  дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, қадрдонӣ карда мешавад.

Июнь 28, 2016 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид