Боздиди Пешвои миллат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат

Июнь 4, 2016 10:54

Душанбе, 4.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Архуи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва гиёҳҳои шифобахш дидан намуд.

Дар ин ҷо кишоварзону ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ба номи Нӯъмон Розиқ, Карим Исмоилов, Абдулло Абдулвосиев, Раҷаб Исмоилов, Симиганҷ ва Гулистон намунаи маҳсули меҳнати худро муаррифӣ карданд.

Зимни шиносоӣ бо намоиши маҳсулоти кишоварзӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо хоҷагидорон суҳбат намуда, онҳоро барои фаъолияти босамар ва истифодаи самараноки замину гирифтани ҳосили зиёди маҳсулоти кишоварзӣ ҳидоят намуд.

Зикр карда шуд, ки таъмини амнияти озуқаворӣ дар минтақа ва кишвар бе восита аз фаъолияти босамари деҳқонон вобастагӣ дорад.

Бо хушнудӣ таъкид гардид, ки кишоварзони шаҳри Ваҳдат имсол аз кишти ғалладонагиҳо, боғҳои мавҷуда ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, барои таъмини фаровонии бозорҳо бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ саҳми назаррас хоҳанд дошт.

Зимни сӯҳбат бо деҳқонон зикр гардид, ки соли равон дар шаҳри Ваҳдат 15 хоҷагии деҳқонии коллективӣ, 8 кооперативи истеҳсолӣ ва 6 ҳазору 999 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) дар майдони 17 ҳазору 587 гектар ғалладонагӣ, сабзавот, полезиҳо, пахта ва дигар намуди зироатро кишт намуданд, ки аз нашъунамо ва ҳосили фаровони онҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки иқлими Тоҷикистон барои парвариши сабзавоти барвақтӣ ва ҳам кишти такрории сабзавот, зироатҳои лубиёгӣ, полезӣ ва хӯроки чорво хеле мусоид аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ баъди ҷамъоварии ҳосили ғалла кишти такрории зироати кишоварзӣ авҷ мегирад.

Гуфта шуд, ки хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ваҳдат дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин помидору бодиринг, карам, пиёз, сабзӣ, мева ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба Федератсияи Россия ва дигар кишварҳо содирот мекунанд.

Тибқи иттилои Раёсати кишоварзии шаҳр то охири мавсим зиёда аз 1000 тонна маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ содирот карда мешавад.

Ба гуфти хоҷагидорон маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавоту полезиҳое, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешаванд дар хориҷи кишвар талабгорони бештар доранд, зеро ҳама гуна маҳсулоти кишварзии Ватани офтобрӯяи мо аз ҷиҳати экологӣ тоза арзёбӣ мешавад.

Ҳамзамон дар соли равон деҳқонони шаҳри Ваҳдат тибқи дурнамо дар майдони 27 гектар боғҳои нави мевадиҳанда бунёд карданд, ки ин иқдом низ дар таҳкими иқтидори содиротии кишвар заминагузор хоҳад буд.

Соҳаҳои чорводорӣ ва моҳипарварӣ низ бевосита бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон давоми даҳсолаи охир рушд кард. Дар намоишгоҳи мазкур хоҷагидорон зотҳои беҳтарини чорвои калону майда ва намудҳои гуногуни моҳиро ба маъраз гузоштанд.

Аз ҳамовозии васеъ пайдо намудани таъкидҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи пурсамари замин ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти худӣ бо умеду боварии комил метавон гуфт, ки деҳқонон ва ҳамаи истеҳсолкунандагони неъматҳои моддӣ дар тамоми деҳоти шаҳри Ваҳдат баҳри татбиқи ин ҳадафҳо камар мустаҳкам бастаанд ва амнияти озуқаворӣ бо истифода аз имкониятҳои дохилии кишвар таъмин мегардад.

Дар намоишгоҳи сокинони шаҳри Ваҳдат ҳамчунин ҳунарҳои мардумӣ, аз қабилӣ гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, табақтарошӣ, заргарӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ ва ғайра муаррифӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Ваҳдат таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Аз ҷумла ташкили маҳфили омӯзиши ҳунари зардӯзӣ аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии «Сайёр» дар ҷамоати деҳоти Гулистон, маҳфили тарроҳӣ ва дӯзандагӣ дар назди Маркази эҷодии кӯдакону наврасон, сабадбофӣ аз ҷониби соҳибкор Матлуба Асоева дар эҳё ва муаррифии ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки роҳандозии маҳфилҳои ҳунаромӯзӣ дар шароити хона ва таъсиси корхонаҳои хурд барои ҳунармандон манфиатовар буда, бо ин восита даҳҳо ҷойи нави корӣ барои занону духтарон муҳайё мегардад.

Ҳамчунин дар як гӯшаи махсуси ин намоишгоҳ кадбонуҳои ҳунарманд таомҳои гуногуни хушлаззатро омода ва пешкаши меҳмонон карданд.

Дар ин ҷо ҳамзамон гиёҳшинос ва табиби мардумӣ Маҳмадрасул Иброҳимов гулу гиёҳҳои шифобахши дараи Ромитро ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин минтақаи кӯҳӣ тақрибан 100 намуди гулу гиёҳҳои шифобахш, аз қабили кокутӣ, ҷамилак, ҳазориспанд, алпамодиён, тахач, бобуна, ишим, зирк, коснӣ, хуч, чойкаҳак, пудина ва шибити кӯҳӣ мерӯянд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки барои ҳифз ва ҷамъоварию коркарди гиёҳҳои шифобахш бояд таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Ба андешаи табибон тайёр намудани ҳаргуна маводи доруворӣ аз гиёҳҳо ва пешниҳоди он барои мардум басо манфиатовар хоҳад буд, зеро дар вақти коркарди пурра ҳамчун доруворӣ ва басту банди гиёҳҳо маводи кимёвӣ истифода нахоҳад шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ташвиқу тарғиби гиёҳҳои шифобахш ва аз онҳо тайёр намудани доруворӣ дар шаҳри Ваҳдат аз ҷониби гиёҳшинос ва табиби мардумӣ Маҳмадрасул Иброҳимов корхонаи инфиродии «Шаҳди шифо» таъсис дода шудааст.

Июнь 4, 2016 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт