Дар Душанбе масъалаҳои истеъмоли маводи нашъаовар ва зарари он ба ҷисми инсон муҳокима гардиданд

Июнь 28, 2016 16:37

Душанбе, 28.06.16. /АМИТ «Ховар»/. 28 июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ нишасти матбуотӣ доир ба Маърӯзаи ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2016 баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Агентӣ, Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон, рӯзноманигорони ватанию хориҷӣ иштирок намуданд.  Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон Юсуф Қурбонов табрикоти директори иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Ю. Федовро ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди суиистеъмоли маводи нашъаовар ва муомилоти ғайриқонунии он қироат намуда, маърӯзаи ҷаҳонии СММ-ро оид ба маводи нашъаовар дар ҷаҳон муаррифӣ намуд. Дар маърӯза тағйироти охирин дар бозори маводи нашъаовари манъшуда, истеҳсоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ дар Афғонистон, мусодираи маводи нашъаовар дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, истеҳсолот ва истеъмоли маводи нашъаовар шарҳ дода шуд.
Масирҳои асосии интиқоли маводи нашъаовари гурӯҳи афюнӣ, инчунин масъалаҳои истеъмоли маводи нашъаовар, зарари он ба ҷисми инсон ва рушди алтернативӣ, ба мисли стратегияи дарозмуддати мубориза бар зидди парвариши растаниҳои нашъадор таҳлил карда шуданд.

Июнь 28, 2016 16:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт