Дар ноҳияи Ховалинг ҷавонони роҳбар зиёданд

Июнь 30, 2016 16:40

Ховалинг, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинг ҷаласаи навбатии  Шӯрои миллии кор бо ҷавонон доир гардид. Дар ҷаласа раиси шӯрои мазкур Нурулло Мирзозода оид ба масъалаи ҳарчи бештар ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, таъмини ҷавонон бо ҷойҳои  кори доимӣ ва соҳибтахассус намудани онҳо иброз дошт, ки имрӯз дар ноҳия дар аксари вазифаҳои роҳбарикунанда ҷавонон фаъолият доранд ва Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои онҳо тамоми шароитро муҳайё намудааст.
Инчунин дар ҷаласа масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр  шуд, ки хушбахтона, аз ноҳияи Ховалинг ягон нафар ҷавон ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил набуда, берун аз кишвар нарафтааст.
Ба қавли   Дилшод Шеров, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар оянда низ бо ҷалби васеи ҷавонон чунин шӯроҳо баргузор гардида, масъалаҳои муҳим таҳлилу баррасӣ карда мешаванд.

Июнь 30, 2016 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид