Хуҷанд: Дастаи «Далерон» ғолиби озмуни «Калидчаи заррин» гардид

Июнь 29, 2016 09:52

Душанбе, 29.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар кӯдакистони №9-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Калидчаи заррин» баргузор гардид.
Озмун бо мақсади бештар ба роҳ мондани таълиму тарбияи ҳунарӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, рушди қобилияти фикрӣ, ақлӣ, тарбияи зебоипарастӣ, парвариши меҳру муҳаббати кӯдакон нисбат ба шеъру сухан, маҳорати эҷодӣ, инкишоф додани кори ташвиқотиву тарғиботӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор ва дар сатҳи арзанда омода намудани кӯдакон ба мактаб арзёбӣ гардид.
48 нафар тарбиятгирандагон аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31,9,18 ва 33 бо номи дастаҳои «01», «Сипар», «Далерон» ва «Ҷасур» аз рӯи шартҳои саломномаи дастаҳо, эстафета байни дастаҳо «Кӣ сӯхторро тезтар хомӯш мекунад?», саҳнача дар мавзӯи «Оташ дӯст ва душмани инсон», саволу ҷавоб тавассути тестҳо ва суруди умумӣ оид ба бехатарӣ аз сӯхтор  байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамон дастаи «Далерон» аз муассисаи таҳсилоти томактабии №18-ро ғолиби озмун эълон кард. Дар ҷамъбаст ба ғолибон ва иштирокдорони  озмун ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар чорабинӣ намояндагони Хадамоти сӯхторнишонии шаҳри Хуҷанд иштирок карда, ба ҳунару истеъдоди кӯдакон баҳои баланд доданд.

Июнь 29, 2016 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд