Хуҷанд: Курсҳои такмили ихтисос барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ

Июнь 29, 2016 16:21

Душанбе, 29.06.2016. /АМИТ«Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд марҳилаи якуми омӯзиш  барои дар сатҳи баланд гузаронидани курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи низоми таълими салоҳиятнок дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2  баргузор   гардид. Дар курси  мазкур  30 нафар омӯзгорони пешқадами синфҳои ибтидоӣ аз муассисаҳои таълимии №2, 12, 15, 23, 30 ва МТМУҒ «Мактаби Ирфон» иштирок доштанд. Ҳар як машғулият бо аёният, шавқовар ва ба таври мубоҳисавӣ гузашта, мавзӯъҳои машғулиятҳо 6 фанни синфҳои ибтидоӣ, яъне забони модарӣ, математика, табиатшиносӣ, санъат ва меҳнат, суруд ва мусиқӣ, тарбияи ҷисмониро дар бар мегирифтанд.
Дар раванди машғулият омӯзгорон усулҳои гуногунро аз низоми таълими салоҳиятнок омӯхта, аз таҷрибаи ҳамдигар бархӯрдор гаштанд.
Хотиррасон менамоем, ки низоми таълими салоҳиятнок дар ҳафт марҳила гузаронида шуда, то 28-уми августи соли равон идома меёбад. Баргузории дарсҳои омӯзишӣ дар вақти таътили тобистона дар муассисаҳои таълимии №2, 6, 2 ба нақша гирифта шудааст.
Дар марҳилаи аввал 110 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аз ин курсҳо гузашта, соҳиби сертификати Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.
Низоми нави таълим-низоми таълими салоҳиятнок ном дошта, имконият медиҳад, ки хонандагон салоҳияту малакаҳои асосии иҷтимоиро аз худ намуда, мустақилона дониши гирифтаашонро дар ҳаёт татбиқ карда тавонанд.

Июнь 29, 2016 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид