Корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъ бо гумони қаллобӣ дастгир шуд

Июнь 29, 2016 15:49

Душанбе, 29.06.16. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНДМ ВА МК ҶТ) дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон қаллобон боздошт шуданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти агентии мазкур хабар доданд, аз тарафи кормандони АНДМ ВА МК ҶТ муайян карда шуд, ки корманди Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Восеъ Абдурасул Холматов бо маслиҳати пешакӣ бо корманди Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ Иброҳим Валиев ба боварии шаҳрванд «М» даромада, барои дохил намудан ба Коллеҷи тиббии ноҳияи Восеъ дар ду ҳолат аз шаҳрванд «М» маблағи 2100 доллари амрикоиро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ягон амалро иҷро накарда, боз талаби маблағи 300 доллари амрикоиро доранд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврию ҷустуҷуӣ Иброҳим Валиев баъди аз шаҳрванд «М» гирифтани маблағи 300 доллари амрикоӣ дар ҳудуди Беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи 300 доллари амрикоӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба А. Холматов ва И. Валиев бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Июнь 29, 2016 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд