Маҳаллаи беҳтарини шаҳри Ваҳдат муайян гардид

Июнь 15, 2016 10:42

Ваҳдат, 15.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Маҳаллаи Ҳуснободи ҷамоати деҳоти Гулистони шаҳри Ваҳдат дар марҳилаи аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ доир ба муайян намудани маҳаллаи беҳтарин дар шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи аввал гардид.
Шумораи аҳолии маҳаллаи Ҳуснобод 2 ҳазору 317 нафарро ташкил медиҳад ва соҳибкорони маҳалла барои ободонӣ ва созандагии он саҳми калон мегузоранд. Аз ҷумла, дар 2 соли охир аз ҷониби онҳо боғчаи кӯдаконаи «Бону» барои 150 ҷой, боғчаи кӯдаконаи «Марям» барои 100 ҷой, толори варзишии пӯшида барои намудҳои гуногуни варзиш, як дорухона ва мағозаву дигар иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шудаанд.
Дар ҳудуди деҳа беморхонаи минтақавии №3 ва маркази саломатии деҳот, инчунин мактаби калони замонавӣ барои 1 ҳазору 270 хонанда дар як баст амал менамоянд.  Дар маҳалла 2 майдони варзишӣ барои бозиҳои футбол, волейбол, баскетбол ҷойгир шудаанд, ки дар онҳо мунтазам чорабиниҳои варзишӣ гузаронида мешаванд.
Аҳолии маҳалла бо оби нӯшокӣ таъмин мебошанд. Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони маҳалла гузаргоҳҳо ва роҳравҳои маҳалларо сангфарш намудаанд.
Аҳолии маҳалла, махсусан ҷавонон дар омода намудан ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва корҳои ҷамъиятӣ фаъол мебошанд

Июнь 15, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд