Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Июнь 30, 2016 10:55

Душанбе, 30.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ гардида, аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.
Сипас баъди баррасӣ ва муҳокима аз ҷониби аъзои Ҳукумати мамлакат Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2016 ва Барномаи рушди таълими касбии калонсолони Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 қабул гардиданд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ҳамчунин хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ» пешниҳод карда шуданд.
Дар маҷлиси Ҳукумат ҳамчунин лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд «Оид ба номивазкунии деҳаи Наймани деҳоти Сурхи шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб», «Дар бораи Самтҳои асосии таҳияи барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2017-2021», «Дар бораи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Варзоб», оид ба  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои вобаста ба ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти таъиноти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Пешвои миллат Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони дигар сохтрҳои давлатӣ барои иҷрои бетаъхири нишондиҳандаҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дода шуда, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суръат бахшидани кишти такрорӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили имсолаи меваю сабзавот ва ғалладонагиҳо, афзун намудани содироти меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба хориҷ, танзими нарху навои маҳсулоти ниёзи аввал дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар анҷоми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва дигар мансабдорон амр карданд, ки дар рӯзҳои моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр фитри рӯза ва хайроти худро ба ятимону бепарасторон, маъюбон, эҳтиёҷмандон, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат диҳанд. Роҳбарияти Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамин амр вазифадор шуданд, ки дар рӯзи Иди саиди Фитр барои дуою фотеҳа на ба хонаи мансабдорону сарватмандон, балки ба манзили оилаҳои наздикону пайвандонашонро аз даст дода, оилаҳои эҳтиёҷманд ва дигар шахсони азодор ва бекасу танҳо рафта аз аҳволашон бохабар шаванд ва дуою фотеҳаи моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитрро дар манзили ин гуна шахсон ба ҷо оранд.

Июнь 30, 2016 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон