Мулоқоти Пешвои миллат бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди

Июнь 24, 2016 14:39

Душанбе, 24.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 24 июн Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, ки кишвараш дар ин созмон ҳамчун нозир иштирок мекунад, мулоқот карда, вазъи феълии муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустонро баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари муассиси Созмони ҳамкории Шанхай, талоши Ҳиндустонро барои ба узвияти комили он пайвастан ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва ҳамёрии давлатҳоро дар чорчӯбаи созмон боз як омили пешбурди ҳамкориии созанда медонад.
Ҷонибҳо татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои мушаххаси муштарак дар соҳаҳои кишоварзӣ, рушди муносибатҳо дар бахшҳои энергетика, саноат, илму технология, сайёҳӣ, тандурустӣ, нақлиёт ва фарҳангию гуманитариро аз самтҳои афзалиятноку манфиатбахши робитаҳо арзёбӣ карданд.
Заминаи қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои кишварҳоро айни ҳол 60 санади муҳим дар соҳаҳои гуногун ташкил медиҳад ва сарони давлатҳо раванди татбиқи онҳоро ба таври мусбат баҳогузорӣ карданд.
Таклиф шуд, ки барои ба сатҳи зарурӣ баровардани муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҷоннок карда шавад.
Масъалаҳои таҳкими суботи минтақавӣ, мубориза алайҳи таҳдиду чолишҳои глобалӣ аз мавзуъҳои муҳими мулоқоти дуҷониба буд ва сарони давлатҳо нисбат ба ҳалли он мавқеи ягонаи худро баён карданд.

Июнь 24, 2016 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон