Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ: Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар ноҳияи Сангвор ҷойи аввалро гирифт

Июнь 16, 2016 10:11

Cангвор, 16.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор ҷамоати деҳоти Тавилдара дар марҳилаи аввали Мусобиқаи ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳр, ноҳия, шаҳрак, ҷамоат, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҷамоати деҳоти Тавилдара 25 фоизи масоҳати ноҳияро ташкил медиҳад, ки он ба 564 километри мураббаъ баробар аст. Аҳолиаш 6113 нафар, ки аз ин шумора 2983 нафар зан ва 3130 нафар мард аст. Аз шумораи умумии аҳолӣ 1304 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар қисмати ҷанубу шарқии ҷумҳурӣ ҷойгир шудааст. Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар водии рӯди Хингоб ҷойгир шуда, онро дар ҷануб ағбаҳои Полезаку Харсанг аз Ҷамоати деҳоти Шугнови ноҳияи Ховалинг ҷудо менамоянд.Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар ғарб бо сарҳади Ҷамоати деҳоти Чилдара ва дар шарқ бо Ҷамоати деҳоти Сайёд ҳамҳудуд аст. Ҷамоати деҳоти Тавилдараро дар қисмати шимол силсилаи қаторкӯҳҳо аз ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод ҷудо менамоянд. Ҷамоати деҳоти Тавилдара дар маркази ноҳия воқеъ гардида, дар он 1 филиали КВД-и Маркази касбомӯзию соҳибкорӣ, 1 масҷиди ҷомеъ, 8 масҷиди панҷвақта, 10 ҷойи ҷамъиятӣ ва 56 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият мекунанд.
Аҳолии ҷамоати деҳоти мазкур ба чорводорӣ, картошкапарварӣ, занбӯри асалпарварӣ ва боғпарварӣ машғул мебошанд.
Ҷамоати деҳоти мазкур дорои 1 беморхона, 1 маркази саломатӣ, 5 бунгоҳи тиббӣ, 3 китобхона, 1 қасри фарҳанг, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи умумии асосӣ, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим, 1 литсейи касбӣ-техникӣ, 10 майдончаи варзишӣ ва 1 варзишгоҳи дорои  зиёда аз 4000 ҷои нишаст мебошад.

Июнь 16, 2016 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд