Мусодираи маводи нашъадор ва лавозимоти ҷангӣ аз қочоқчиёни афғон

Июнь 20, 2016 09:16

Душанбе, 20.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар якҷоягӣ бо кормандони фаврии Раёсати КДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон аз  дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Шӯрообод» ва дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» аз қочоқчиёни афғон зиёда аз 14 кг маводи мухаддири навъи чарс, тақрибан 40 кг бангдона, 2 адад яроқи оташфишони АКС 74 бо 2 тирдон ва зиёда аз 50 дона тир дарёфт ва мусодира намуданд.
Ба иттилои сардори маркази матбуоти қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев, 15 июни соли равон  дар  дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Шӯрообод» соати 23:40 ва дар дидбонгоҳи сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии «Панҷ» байни қитъаҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани амалиёт байни  гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқчиёни шахсияташон номаълуми афғон иборат аз 8 нафар, дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик задухӯрдҳои мусаллаҳонаи шадид ба вуқӯъ меоянд, ки дар натиҷа  2  нафар аз қочоқчиёни афғон захмдор шуда, боқимонда ба самти Афғонистон фирор мекунанд.

Июнь 20, 2016 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст