Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 25, 2016 07:50

Душанбе, 25.06.2016. /АМИТ «Ховар»/. Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.

Роҳбари давлатро мардуми ноҳия дар фурӯдгоҳ ба таври хоcса истиқбол намуданд. Барои қабули Пешвои миллат дастаҳои ҳунарӣ ширкат намуда, расми қабул бо муаррифии анъанаҳои хоссаи мардуми ин минтақа сурат гирифт.

Сипас, Роҳбари давлат аз рафти корҳои сохтмонии Нерӯгоҳи барқи обии “Мотравн”-и Ҷамоати деҳоти Язгулом дидан кард.

Нерӯгоҳи мазкур аввалин иншооти энергетикӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки он маҷроӣ буда, тавлиди барқ аз оби равони дарё вобастагӣ дорад. Нерӯгоҳи “Мотравн” бо иқтидори 300 киловат соат дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ дувумин нерӯгоҳи хурди барқӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба гуфти муҳандисон ин нерӯгоҳ агарчӣ баландиқтидор ҳам набошад, вале он имкон медиҳад, ки талаботи сокинони якчанд деҳаи ҷамоати деҳоти Язгулом, ки бе нерӯи барқ зиндагонӣ мекарданд, ба пурагӣ бартараф карда шавад.

Гуфта шуд, ки асоси корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур мутахассисони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ҳанӯз соли 2012-ум гузошта буданд. Вале бинобар сабаби маҷрои тезоба доштани дарёи Язгулом мутахассисони кореягӣ аз сохтмони нерӯгоҳ худдорӣ кардаанд. Пас аз таваққуфи ҳудуди сесола иҷрои лоиҳаро ҶДММ “Диамант ва Канаск” бар зимма гирифт.

Тавре масъулон ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, хароҷоти лоиҳавии Нерӯгоҳи барқи обии “Мотравн” бештар аз 6-миллиону 800-ҳазор сомониро ташкил дода, то ба имрӯз баробар ба 1-миллиону 850 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонида шудааст. Лоиҳа бо маблағгузории ташкилоти «Койка»- и Кореяи Ҷанубӣ сохта шуда, насби 3 агрегати иқтидори 100 киловат соат дошта пешбинӣ гардидааст, ки воридоти онҳо рӯзҳои наздик дар назар аст.

Масъулони корҳои сохтмонӣ аснои боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти энергетикӣ иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур то ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд.

Пешвои миллат ба сохтмончиён дастуру супориш дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, иншоотро бо сифати баланд барои даҳсолаҳои оянда сохта мавриди истифода қарор гиранд. Пас аз ба кор даромадани нерӯгоҳи “Мортравн” дар деҳкадаҳои Язгулом, ки ба қисми онҳо ҳатто хатҳои барқӣ кашида нашудаасту сокинони он аз истифодабарии нерӯ маҳруманд, шабакаи умумии энергетикӣ ташкил гардида, ин гӯшаи дурдасти мамлакат низ ба низоми мукаммали энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваст мегардад.

Июнь 25, 2016 07:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд