Пирӯзии соҳибони майдон дар даври 1/8- ниҳоӣ

Июнь 29, 2016 13:40

Душанбе, 29.06.2016. /АМИТ «Ховар»/.   Соҳибони мусобиқа- тими миллии Фаронса бо мушкилии зиёд бар  тими  мунтахаби футболи Ирландия ғолиб омаданду роҳхати марҳилаи ¼- ниҳоии Чемпионати Аврупо 2016-ро ба даст оварданд. Бозӣ миёни ин ду тим мисоли қасосгирӣ буд. Дар ин хусус нимҳимоятгари тими мунтахаби Ирландия Ҷеффри Хендрик дар суҳбаташ  ба The Mirror гуфта буд: голи Вилям Галлас тамоми мардуми кишвари моро хафа карда буд. Умедворам, ки мо натиҷаи хуб нишон медиҳем ва қасдамонро меситонем…
Ёдовар мешавем, ки дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон фаронсавиҳо бо як гол ғалаба ба даст оварданд ва ирландиҳо аз ҳаққи ширкат дар он маҳрум гардиданд.
Дар ин дидор Мартин О`Нил ҳайати бозингарони дастболои рақобати гузаштаро иваз накард. Дидйе Дешам  ҳамон футболбозонеро ба майдон баровард, ки дар бозӣ бо тими мунхабаи Руминия майдондорӣ карда буданд.                  Ирландиҳо дар дақиқаи дуюми бозӣ бо амалӣ намудани зарбаи 11 метра ҳисобро кушоданд. Роберт Брейди зарбаи 11 метраро, ки дар натиҷаи аз пой афтондани Шейн Лонг довар ба дарвозаи фаронсавиҳо таъйин намуда буд, дақиқ ба ҳадаф расонид. То дақиқаи 57-уми дидор ҳисоби бозӣ 1:0 ба манфиати ирландиҳо боқӣ монд.  Антуан Гризманн бо партофти зебои Сания тӯбро вориди дарвозаи меҳмон намуду ҳисоби бозиро мусовӣ кард. Баъд аз расо се дақиқа ин ҳамлагари клуби «Атлетико»- Мадрид бо партофти Оливер Жируро голи дуюми худро таслими дарвозаи Фаронса намуд. Ин голи тақдирсози Гризманн тими мунтахаби Фаронсаро ба даври ¼-ниҳоӣ баровард.
Тими миллии футболи Ирландия дар муқобили ин рақиби пурқуввати худ бозии хеле ҷолиб нишон дод, вале баъди ин мағлубият Фаронсаро тарк намуд.

Июнь 29, 2016 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»