Шоҳонаи Сулаймон, сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»: Роҳи расидан ба ваҳдат ҳамвор набуд

Июнь 23, 2016 11:55

Баргу сози коинот аз ваҳдат аст.
Андар ин олам ҳаёт аз ваҳдат аст…

Душанбе, 23.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар миллат дар таърихи худ рўйдодҳо ва санаҳои муҳимме дорад, ки аз онҳо дарсҳое барои ояндаи худ мегирад. Барои миллати мо ҳам 27-уми июн,  ки Рўзи Ваҳдати миллӣ ном дорад, воқеан як рўзи таърихӣ ва  сарнавиштсоз аст. 19 сол пеш дар рўзи 27-уми июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва  ризоияти миллӣ ба имзо расид, ки ба  даргириҳои дохилии панҷсола амалан  хотима бахшид ва раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаи кишвари моро  дигаргун кард.
Соҳиб шудан ба истиқлолият барои ҳар миллату кишвар кори осон нест, вале ҳифз ва  таҳкими он мушкилтар аз он аст. Ваҳдат, пеш  аз ҳама, ба инсонҳо умед мебахшад ва онҳоро  ба оянда дилгарм месозад, ки ин заминасози  талоши ҳамагонӣ баҳри ободии диёр ва фардои  беҳтар аст. Дар рӯзҳои сахту душвори соли  1992 баргузории иҷлосияи тақдирсози XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи  16 ноябр ва рӯи кор омадани Ҳукумати нав  бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу  ваҳдат ва созандагиҳо дар кишвари мо бедор  намуд. Акнун давраи ҳассоси фаъолияти  Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон, давраи талош  барои якпорчагии кишвар ва ваҳдати мардум,  ҳифзи марзу бум ва пойдории истиқлолият оғоз гардид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рўзҳои роҳбарии кишвар барқарории сулҳ дар Тоҷикистонро ҳадафи аслии худ ва Ҳукумати навтаъсисаш эълон кард ва мардумро дар дохилу хориҷ ба муттаҳид шудан дар атрофи ғояи ваҳдат даъват намуд. Ва аз ҳамон рўз қадамҳои аввалин дар роҳи сулҳ гузошта шуданд. Роҳ ҳамвор набуд. Аз як тараф пайдо шудани кинаву нобоварӣ дар дохил ва аз тарафи дигар тамаъҷўии баъзе кишварҳо дар хориҷ намегузошт, ки тоҷикон дар фурсати кўтоҳ ба сулҳ бирасанд. Раванди ба вуҷуд овардани боварии тарафайн ва гирифтани пеши роҳи дахолати бегонагон заҳмати шабонарўзӣ ва фидокорию ҷуръати хосеро талаб мекард, ки ба бахти миллати тоҷик, Роҳбари ҷавонаш чунин хислатҳои олиро доро буд. Ҳар бор, ки музокироти сулҳ миёни ҳайатҳои музокиракунандаи Ҳукумат ва мухолифин ба бумбаст мерасид, Эмомалӣ Раҳмон дарҳол вориди ҷараён мешуд ва кўшиш мекард, ки ҳанўз музокирот қатъ нашуда ва боварии тарафҳо ба якдигар аз байн нарафта, мушкил ҳал шавад ва музокирот идома ёбад. Авҷи талошҳои пайгирона ва хастагинопазири  Президенти Тоҷикистон, сафар ба деҳаи дурдаст ва кўҳистонии Хусдеҳи Ҷумҳурии исломии Афғонистон  дар зимистони соли 1996 буд. Дар он рўзҳо музокироти тоҷикон ба анҷоми худ наздик мешуд ва сулҳи деринтизор аз дур чеҳраи худро намоён мекарду аввалин шуълаҳои умедро дар дили мардум фурўзон месохт. Аммо ногаҳон ҳамдигарнофаҳмӣ ва мушкили ҷиддие дар миёни ҳайатҳои музокироти ду тараф дар Теҳрон ба миён омад, ки дар сурати ҳал нашуданаш метавонист, ҳама дастоварди то он рўз ҳосилшударо аз байн барад. Ягона роҳ ин мулоқоти Президенти кишвар бо роҳбари мухолифин буд. Аммо роҳбари мухолифон дар шимоли Афғонистон қарор дошт. Афғонистон он шабу рўз дар оташи ҷанги дохилӣ месўхту ҷанг ба шимол кашида шуда буд ва тақрибан ҷои амне дар ин минтақа ба назар намерасид. Бо талоши Эмомалӣ Раҳмон ва ёриву мусоидати роҳбарони вақти Афғонистон деҳаи кўҳистоние бо номи Хусдеҳ дар музофоти Фархори вилояти Бадахшони Афғонистон барои ин мулоқот интихоб шуд. Масъулин таъкид карданд, ки касе амнияти Президенти Тоҷикистонро дар ин деҳа кафолат дода наметавонад. Вале аз он ҷо, ки ин мулоқот ягона роҳи расидан ба сулҳ буд ва Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари давлат, ба мардуми худ дар ин бора ваъда дода буд, на хатарҳои амниятӣ, на даргириҳои шабонарўзии Афғонистон ва на вазъи хатарноки кўҳистони Хусдеҳ дар фасли зимистон натавонист Пешвои миллатро аз азмаш баргардонад. Дар он шабу рўз аз як тараф душманони раванди сулҳи тоҷикон кам набуданд ва аз тарафи дигар, рақибони давлати Афғонистон дар дохилу хориҷ эҳтимол дошт, ки барои бадном кардани давлати мизбон ба ҳар гуна амали террористӣ даст зананд. Ин буд, ки аксари коршиносон имкони сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Хусдеҳ ва баргузории ин мулоқотро аз пеш зери суол мебурданд. Вале ин сафар сурат гирифт ва масъулини баландпояи Афғонистон ин иқдоми Президенти Тоҷикистонро ҷуръати хос ва фидокории нодире номиданд, ки роҳбарони сиёсӣ маъмулан аз он маҳруманд.
Оре, ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, ҳисси баланди масъулият ва қотеияту матонат ба Роҳбари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу сафо ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардад. Хираду заковати суннатӣ боло гирифта, роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азиз ҳамвор гардид. Барои расидан ба ин рӯз душвориҳои зиёде пушти сар шуданд,  ниҳоят гавҳари мақсуд ба даст омад. Ҳоло таҷрибаи сулҳи тоҷикон миёни аҳли башар чун намунаи ибрат шинохта мешавад. Сиёсатмадорону коршиносон ҳангоми суханрониҳо аз минбарҳои гуногун, гуфтушунидҳо, баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли муноқишаву низоъҳои ҳаммонанд, ба кор бурдани нақшаи тоҷикии ҳалли масъаларо салоҳ медонанд.
Агарчӣ ин ҷангро душманон дар хориҷ ба хотири дастёбӣ ба аҳдофи нопокашон тарҳрезӣ карда буданд, аммо фидокориҳои Роҳбари давлат, хосту иродаи матин ва хиради азалии миллат сулҳро ба кишвар бозгардонд.
Инак, дарахти сулҳу ваҳдати тоҷикон 19- сола шуд ва ҳамчунон ба нашъунамои худ идома медиҳад.
Аммо бояд бидонем, ки ин дарахт ниёзи ҳамешагӣ ба обёрӣ ва нигоҳубин дорад. Обёрӣ аз чашмаи ҷон ва қалбҳои пур аз муҳаббати ҳар яки мо ва ба мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он.

Июнь 23, 2016 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат