Тасаллияти Пешвои миллат вобаста ба даргузашти Маҳкамов Қаҳҳор

Июнь 8, 2016 19:03
Душанбе, 08.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 08 июни соли 2016, ходими намоёни давлатӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович баъди бемории тӯлонӣ дар синни 84 — солагӣ аз олам даргузашт.

Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои  пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст.

Мавсуф ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд.

Дар ин лаҳзаҳои вазнин ба фарзандону пайвандон ва хешу таборони Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба ҳамаашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳам.

Июнь 8, 2016 19:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон