Теъдоди ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро ба 92 расидааст

Июнь 8, 2016 18:36

Душанбе, 8.06.2016 / АМИТ «Ховар»/. Котиби Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров дар ҷаласаи навбатии Кумитаи котибони шўроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки 8 июни соли 2016 дар пойтахти Ҷумҳурии Арманистон – шаҳри Ереван баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи мазкур тадбирҳои иловагии рушди амнияти дастаҷамъии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соҳаи муқовимат ба терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ, лоиҳаи Стратегияи амнияти дастаҷамъии Созмони номбурда,   рўйхати ягонаи ташкилотҳое, ки дар давлатҳои аъзои Созмон чун созмонҳои террористӣ ва ифротгаро пазируфта шудаанд, дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ ва муҳокимаронӣ қарор гирифтанд.

Дар ҳошияи ҷаласа А.Қаҳҳоров бо баъзе ҳамкасбони худ мулоқот намуда, сатҳи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи таъмини амният мавриди баррасӣ қарор доданд.

Тавре РИА «Новости» имрӯз иттилоъ дод,  Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти СААД рӯйхати ягонаи 92 ташкилотеро, ки дар давлатҳои аъзои СААД ҳамчун ифротгаро ва террористӣ пазируфта шудаанд, ба тасвиб расонид. Котиби генералии СААД Николай Бордюжа вобаста ба ин дар конфронси матбуотӣ изҳор дошт, ки агар соли 2009 ба чунин рӯйхат 32  ва соли 2010 – 47 ташкилот шомил карда шуда бошагнд, пас имрӯз теъдоди ташкилотҳои террористию ифротгаро ба 92 расидааст.

 

Июнь 8, 2016 18:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд