Тоҷикистон дорои қонуни рушди туризми дохилӣ мегардад

Июнь 7, 2016 16:28

Душанбе, 07.06.2016/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ»-ро қабул хоҳад кард. Алҳол лоиҳаи қонуни мазкур дар марҳилаи таҳия қарор дошта, аз ҷониби гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби вакилони  Маҷлиси намояндагон ва мутахассисону масъулини вазорату идораҳои марбутаи кишвар созмон дода шудааст, мукаммал ва  баррасӣ мегардад.
Дар ин росто 7 июн дар Парлумони кишвар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» баргузор гардид. Зикр шуд, ки дар шароити феълӣ рушди туризми дохилӣ яке аз усулҳои муосир ва даромаднок барои кишварҳои рӯ ба рушд, назири Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Тавассути рушди туризми дохилӣ имконият фароҳам меояд, ки дар муддати кӯтоҳ ва сарфаи маблағ хадамоти  зиёди туристӣ фароҳам оварда шуда, маърифат ва фарҳанги шаҳрвандон дар бахши хизматрасонии туристӣ баланд бардошта шавад.
Бояд тазаккур дод, ки таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  рушди туризми дохилӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби  як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон дар марҳилаи таҳия қарор дорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз 11 боб ва 65 модда иборат буда, фарогири муносибатҳои ҳуқуқии танзимӣ дар бахши туризми дохилӣ ва рушди  ин соҳаи  афзалиятнок аст.

Июнь 7, 2016 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд