Қурғонтеппа: санҷиши муштараки масъулин ҷиҳати пешгирӣ аз танбашавӣ дар роҳҳо

Июнь 29, 2016 16:25

Душанбе, 29.06.2016. /АМИТ«Ховар»/. Имрӯзҳо ҳолатҳои танбашавии роҳҳо, бахусус дар назди бозорҳои калон зиёд ба мушоҳида мерасанд, ки   дар фасли гарми тобистон боиси нороҳатӣ ва ташвиши мардум гардидаанд.  Аз ҷумла, дар роҳҳои  атрофи бозори «Фаровон» — и шаҳри Қурғонтеппа  низ  чунин ҳолатҳо  ба мушоҳида мерасанд.
Бо мақсади аз байн бурдани танбашавӣ дар назди бозори «Фаровон» — и шаҳр аз ҷониби  комиссияи танзим ва бехатарии роҳҳои назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа дар якҷоягӣ бо намояндагони нозироти андоз ва шуъбаи иҷозатномадиҳӣ (литсензия) санҷиши муштарак гузаронида шуд.
Тавре ки аз Маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қурғонтеппа иттилоъ доданд, зимни гузаронидани санҷиши мазкур шаҳодатномаи андозсупорӣ ва иҷозатномаи (литсензия) ронандагони мусофиркаш ва боркаш санҷида шуда, ҷиҳати дарёфти манбаъҳои нави андозсупорӣ манбаъҳои нав пайдо гардиданд.
Ҳамзамон  санҷиши мазкур  барои ба танзим даровардани ҳаракати роҳҳо дар назди бозорҳои калонтарини шаҳри Қурғонтеппа  ва пешгирӣ аз танбашавии он мусоидат намуд.

Июнь 29, 2016 16:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд