Виталий Левченко сармураббии дастаи мунтахаби то 19-солаи Тоҷикистон таъйин шуд

Июнь 29, 2016 09:51

Душанбе, 29.06.2016 /АМИТ «Ховар»/. Виталий Левченко, ёвари сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов аз ҷониби ФФТ ба мансаби сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони то 19- солаи кишвар таъйин гардид.
Левченко ҷавонони моро ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2016, ки аз 13 то 30 октябр дар Баҳрайн доир мегардад, омода мекунад. Ба ӯ Рустам Хоҷаев, Алишер Тӯхтаев ва Амоншо Саодатсайров кумак мерасонанд. Виталий Левченкои 44-сола  соҳиби таҷрибаи бойи мураббигии дастаҳои мунтахаби ҷавонону наврасонро доро буда, дар ин ҷода дастаҳои мунтахаби Украинаро машқ додааст ва дар иштироки дастаи мунтахаби ҷавонони Украина дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Зеландияи нав баргузор шудааст, кумак намуда, дастаро то бозиҳои 1/8-ниҳоӣ баровардааст.
Баъдан дастаи мунтахаби футболи то 17-солаи ин кишварро соли гузашта дар бозиҳои Ҷоми Аврупо дар Озарбойҷон ҳамроҳӣ кардааст.

Июнь 29, 2016 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистонро дар Чемпионати инфиродии Осиё – 2024 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Арабистони Саудӣ бозӣ менамояд
Байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ширкати «361»-и Чин созишнома ба имзо расид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар бозии санҷишӣ тими миллии Чинро бо ҳисоби калон мағлуб намуд
ҶУДО. Чемпионати ҷаҳон-2024 дар Абузабӣ баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ироқ ва Тайиланд бозӣ менамояд
Дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии Гран – Слам оид ба гӯштини ҷудо баргузор мегардад
Дар Данғара мусобиқаи кушоди анъанавии ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) рӯзи сеюми тамринҳоро дар Давҳа ба анҷом расонид
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
ФУТБОЛ. Бозиҳои даври аввали Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешаванд
ФУТБОЛ. «Истиқлол» дар бозии дӯстона дастаи «Регар-ТадАЗ»-ро мағлуб намуд