ВКХ ҶТ: Дар миёни қурбониёни ҳамлаи террористии Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд

Июнь 29, 2016 13:36

Душанбе, 29.06.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар миёни қурбониёни ҳамлаи террористии  фурудгоҳи Истанбул шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба маълумоти ВКХ ҶТ, намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Туркия ва Консулгарии генералии кишвар дар Истанбул дар ҷои ҳодиса қарор доранд. Бино ба маълумоти пешакӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни қурбониёни  фурудгоҳи Истанбул ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи сарвазири Ҷумҳурии Туркия Бинал Йилдир дар ҳамлаи террористӣ дар фурудгоҳи Истанбул шаҳрвандони Туркия ва эҳтимолан хориҷӣ зарар дидаанд. Қисми зиёди қурбониён шаҳрвандони Туркия мебошанд,- иттилоъ медиҳад агентии «Reuters».
Бино ба маълумоти пешакӣ, масъулияти ҳамларо  гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» ба уҳда гирифтааст.

Июнь 29, 2016 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд