А. Қодирӣ: ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатиро дар сатҳи баланд таҷлил хоҳем кард

Июль 12, 2016 17:23

Хуҷанд. 12.07.2016. /АМИТ Ховар/. Дирӯз, 11 июл дар шаҳру ноҳияҳои шимоли кишвар нишастҳои матбуотӣ оғоз гардиданд. Зимни нишасти хабарии Раиси вилояти Суғд, ки дар Муассисаи давлатии вилоятии «Боғи миллии Ваҳдат» баргузор гардид, раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ оид ба рафти тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят дар нимсолаи аввали  соли 2016 ва дастовардҳои хоҷагии халқи вилоят ба ҳозирин гузориш дода, аз ҷумла зикр намуд, ки имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии вилоят доир ба сатҳи хуби ташкилӣ таҷлил намудани ҷашнӣ 25-солагии Истиқлолияти кишвар корҳои омодагӣ ҷараён доранд.
Ба иттилои роҳбари вилоят дар рӯзҳои таҷлили ин ҷашнӣ хотирмон, ки он бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегардад, ба истифодадиҳии як катор иншоотҳои ҳаётан муҳим ва барномаи рангини фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.  Ввобаста ба натиҷагирии фаъолияти соҳҳоти гуногун дар нимсолаи аввали соли 2016, аз ҷумла  соҳаи саноат ва кишоварзӣ Абдураҳмон Қодирӣ зикр намуд, ки дар ин давра нақшаи даромадҳои буҷети давлатӣ босифат таъмин гардида, ба буҷет 861 млн.сомонӣ ворид гардид, ки  нисбат ба нақшаи тасдиқгардида 35 млн. сомонӣ  зиёд  буда, ҳамчунин 8 намуди андозҳо барзиёд таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, коргоҳҳои саноатии вилоят новобаста аз таъсири манфии омилҳои беруна, тавонистанд ба маблағи 2,8 млрд. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ  истеҳсол намоянд, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 131,5 фоиз баробар гардид. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 1 миллиарду 256 млн. сомонӣ баробар шуда, он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 209 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Хотиррасон бояд кард, ки яке аз иншоотҳои ҷашнӣ-ин  ифтитоҳи Муҷассамаи 25-солагии Истиқлолияти ҶТ ба шумор меравад. Муҷассама дар гардишгоҳи мавзеи хиёбони С.Айнӣ шаҳраки донишҷӯён, дар ру ба руи биноҳои асосии таълимии  ДДХ ва ДДҲБСТ ҳоло дар арафаи қоматафрозӣ буда, он аз ҷониби меъморони шуъбаи шаҳрсозии вилоят тарҳрезӣ шудааст. Ду моҳ боз бо ширкати сохтмончиёни идораи сохтмони асосии вилоят корҳо дар ин самт идома дошта, пардабардорӣ аз болои он моҳи сентябр бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат рӯи кор хоҳад омад.

Июль 12, 2016 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид