Бӯстон: Ба 3380 нафар хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд

Июль 25, 2016 16:57

Суғд, 25.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Табибони шаҳри Бӯстон дар соли 2016, ки аз ҷониби раиси вилояти Суғд дар қаламрави вилоят «Соли фарди солим» эълон гардидааст, ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ ҷаҳду талош варзида, дар ин самт ба хизматрасониҳои тиббии ройгон ба аҳолӣ бештар таваҷҷуҳ менамоянд.
Тибқи иттилои сардухтури Беморхонаи шаҳрӣ Умедҷон Абдуллоев, дар нимсолаи аввали соли 2016 дар ин беморхона ба 332 нафар беморон ба маблағи 69 ҳазору 396 сомонӣ хизматрасонии ройгон барои гузаронидани таҳлил ва табобат расонида шуда, дар ин давра дар ташхисгоҳи Маркази саломатии шаҳр 3941 адад таҳлил гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 2848 ададаш ройгон мебошад.
Инчунин дар ин давра бо ташаббуси масъулини маркази ташхисӣ  тиббии шаҳр духтурони чашм ва ҷарроҳони асаб аз Кореяи Ҷанубӣ даъват карда шуда, ба зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон хизматрасониҳои ройгони тиббӣ гузарониданд. Аз ҷумла ба беш аз 150 нафар машваратҳои тиббии ройгон дода шуда, 50 нафар беморон аз шаҳру навоҳии гуногуни вилоят ба маблағи 37 500 сомонӣ ҷарроҳии ройгони чашм гузаронида шуд.

Июль 25, 2016 16:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд