Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб таъмиру азнавсозӣ гардида истодааст

Июль 30, 2016 10:37

Кӯлоб, 30.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб дар нимаи дуюми чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол бозиҳои хонагии худро дар майдони «Ҳосилот»-и Фархор мегузаронад.
Ин дар ҳолест, ки бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб таъмиру азнавсозӣ гардида истодааст.  Дар айни замон корҳои азнавсозӣ дар ин варзишгоҳ бомаром идома дорад ва сохтмончиён умед доранд, ки таъмири варзишгоҳро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд.
Ба иттилои роҳбарияти клуби «Равшан»-и Кӯлоб барои мустаҳкам намудани ҳайати даста, айни замон ду нафар футболбозони собиқи «Равшан» Зариф Рустамов ва Бахтиёр Ҳасанов ҳамчунин Ҳимматулло Муллодӯстов аз дастаи «Барқчӣ» ба ҳайати даста даъват шудаанд ва онҳо умед доранд, ки натиҷаҳои ин дастаи овозадорро дар нимаи дуюми чемпионат боз ҳам баландтар мегардонанд.
Дар айни ҳол дастаи «Равшан»-и  Кӯлоб дар шаҳри Норак зери роҳбарии мураббиён ба тамринҳои давраи омӯзишӣ фаро гирифта шуда, барои нимаи дуюми мавсими имсола омодагӣ мегиранд.
Ба иттилои сармураббии даста Иззатҷон Исҳоқов, дар доираи омодагиҳо ба нимаи дуюми чемпионат дастаи «Равшан»-и Кӯлоб бо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат як бозии дӯстона гузаронид, ки он бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

Июль 30, 2016 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд