Биёед, дар рӯзҳои ид дастархони маънавӣ ороем

Июль 13, 2016 07:59

«Мо бояд ҳангоми гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла иди Фитр, ҳамеша сарфаю сариштакор бошем, ба намоишкориву исрофкорӣ роҳ надиҳем ва ба ҷои оростани дастархони серхарҷу пурдабдаба дастархони маънавӣ ороем. Яъне барои анҷом додани амалҳои нек, панду насиҳати наврасону ҷавонон, кумак ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш намоем».

Эмомалӣ Раҳмон

 Душанбе, 13.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  Як рӯз пеш аз  фарорасии Иди Рамазон бо мақсади харидани анвои хурданӣ барои оростани дастурхони идона ба Маркази савдои бузурги «Ашан» рафтам. Дар ин маркази савдо аробачаҳои  ба қавле лаб ба лаб, пур аз маводи хӯрокаи харидоронро дида,  дар тааҷҷуб афтодам, ки  онҳо  барои як рӯз ё 1 моҳ харид мекарда бошанд?
Назди тақрибан  6-7 хазинаи ин маркази савдо  харидорон навбати дарозеро  ташкил карда буданд, ки   расо  як соати вақтамро барои ҳисобӣ кардан дар ин навбат сарф кардам.
Аз ин ҷо баромада, барои дастрас намудани боқимонда  лавозимоти зарурӣ ба Маркази савдои «Пайкар», воқеъ дар кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансур рафтаму ҳайратам дучанд афзуд. Теъдоди харидорони ин марказ чандин маротиба аз маркази савдои «Ашан» зиёдтар буду  навбати  назди хазинаҳо аз он ҳам дарозтар. Гирду атрофи бинои  маркази савдои мазкурро мошинҳои  зиёди харидорон  печонида буданд ва ронандагон боасабоният  ба якдигар бонг (сигнал) зада, базӯр роҳи баромад меёфтанд.
Он рӯз раҳораҳ дидам, ки вазъ қариб дар ҳамаи марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳр дар чунин аҳвол қарор дорад: мардум саросемавор ба нарху наво, санаи истеҳсоли маҳсулот нигоҳ накарда, мехариданду мехариданд, баъзе савдогарони ҳаннот, ки фурсат мепоиданд, аз ин шитобкории мардум  истифода бурда, молҳои муҳлаташон гузаштаву бесифаташонро ба ибораи худашон «мегузарониданд», яъне мефурӯхтанд.
Аз дидани харидорони зиёд аз як ҷиҳат хурсанд шудам, зеро ҳар як хонавода кӯшиш менамуд, ки дар ин рӯз дастурхони пурнозу неъмат орояд, ки  онро  як нишонаи боло рафтани сатҳи зиндагии мардум дар ҷумҳурӣ арзёбӣ намудан мумкин буд.
Аммо аз тарафи дигар дастурхони серхарҷу пурдабдаба  ва намоишкориву исрофкории баъзеҳоро  дида, ба  хулосае омадам, ки  дастурхонкушоии мо дар рӯзҳои ид  сол то сол ба як сабқати эълоннашуда табдил меёбад. Чаро мардуми мо дар ҳама кор ба зиёдаравӣ майл доранд? Аз дигарон  қафо намонда, қарз гирифта, дастурхони пурдабдаба кушодани онҳое, ки  шароит надоранд, чӣ зарурат ва маънӣ дорад?
Аз ҳама аҷоибаш он аст, ки дар ин рӯз баъзе аз «идкунандаҳо» (асосан занҳо)  дар маҳаллаҳо гӯё аъзои кадом комиссияе бошанд, дар ҳар хона давоми 6-10 дақиқа нишаста, дастурхонро аз назар гузаронида, «баҳояш»-ро гузошта, баъзан ҳатто хондани дуову фотиҳаро фаромӯш карда,  баромада мераванд. Ва натиҷаи  ҷамъбасти ин «мусобиқа» як моҳи дигар мавзӯи рақами №1 занони рӯзи дароз бекор нишастаи назди биноҳои истиқоматӣ  гардида,  нафарони аз ин «комиссия» «баҳои паст»  гирифта, ба таънаву маломати онҳо дучор мегарданд.
Низорамоҳ Тағоева, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Раҳмон Набиев 292, ҳуҷраи №10 дар ин маврид андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла зикр кард, ки солҳои пешин мардуми мо дар рӯзҳои ид ба аёдати беморону азодорон мерафтанд, дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мекарданд, ба ятимону маъюбон ва дигар шахсони ниёзманд кумак мерасонданд. Дастурхони идонаи онҳо танҳо аз кулчаву ҳалво, чормағзу тухм, мева  ва як хӯрок шӯрбо иборат буд, ки қариб ҳамаи ин маҳсулотро худашон  истеҳсолу павариш мекарданду ҳамагон ба он дастрасӣ доштанд. Сари ин дастурхони хоксорона, вале аз маънавиёт бой ҷамъ омада,   ба хешу наздикон саломативу хонаободӣ, бахту саодат ва  оромиву осудагӣ  орзу мекарданд.
«Имрӯз рӯи дастурхони идонаи мардум ҷои меваҳои  хуштаъму болаззати  худиро гирифтани   меваҳои кишварҳои бегона, ки бо вуҷуди  қимати гарон  доштанашон маззаву лаззат надоранд, қандҳои 1 килограмашон аз 50 то 100 сомонӣ нархдошта, рӯзи дигар, ҳамагӣ баъди як рӯзи  ид халта-халта нони хушку дигар анвои хӯрданиро  ба  лулиҳо доданро дида, ба худ суол медиҳам, ки ин ҳама   нишони исрофкориву ношукрии мо  нест?», — гуфт Низорамоҳ Тағоева дар идомаи суҳбат.
Моҳбону Хайриддинзода, муаллимаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №49-и шаҳри Душанбе дар ин хусус зикр намуд, ки мутаассифона, дар рӯзи ид кушодани дастурхони серхарҷу пурдабдабаи баъзеҳо боиси мушкили дигарон мегардад. Дар пайравӣ ба онҳо ҳатто оилаҳое, ки шароит надоранд, кӯшиш менамоянд, ки дастурхони идонаашон аз дигарон камӣ надошта бошад. Аз ҷумла, чандин оилаҳоро медонам, ки баробари расидани моҳи шарифи Рамазон дар фикри «дастурхонкушоӣ» меафтанд ва  даромади якмоҳаи оилаашонро барои як рӯз сарф намуда,  то моҳонаи дигар пул қарз мегиранд. Баъзеҳо аз сабаби надоштани шароит дарҳояшонро баста, дар ин рӯз ба хонаи падару модарашон ё ягон ҷои дигар ба меҳмонӣ мераванду худро дар назди ҳаққу ҳамсоягон хиҷилу гунаҳгор  ҳис мекунанд.
Ситорамоҳ Муродова, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Муродуллоҳ Шерализода №33, ҳуҷраи №61 дар ин бора фикру андешаашро иброз дошта, зикр намуд, ки ҳоло дар гузарондани маъракаҳои зикршуда як сабқати эълоннашудае идома дорад. Чаро дар чунин маъракаҳо аз оростани мизҳои пур аз хӯрданиҳои қимат ва додани таом даст намекашем? Чаро ин рақобати носолим  дар ҷомеа рӯз ба рӯз тавсеа меёбад? Имрӯз вақти он расидааст, ки ба ин масъала диққати ҷомеаро равона созем. Мо бояд тибқи дастури  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гузаронидани маъракаҳои милливу динӣ, аз ҷумла идҳои Фитру Қурбон амал намуда, ба ҷои дастурхони серхарҷу пурдабдаба дастурхони маънавӣ ороем. Маблағеро ки барои дастурхонороӣ сарф менамоем, ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр сарф намоем.
«Ҳатто  чанд хонавода метавонанд, ин маблағро дар якҷоягӣ барои  обод намудани роҳҳои маҳаллаашон,  купурӯкҳо, қабристонҳо  ё таъмири хонаи ятимону маъюбон ва  оилаҳои камбизоат  истифода намоянд»,- гуфт Ситорамоҳ Муродова ва афзуд, ки намоишкориву исрофкорӣ ба  мо танҳо зарар меорад,  бояд сиддқан  ба амали  хайру савоб даст занем.

Рухсора Нурова,
шарҳи АМИТ «Ховар»

Июль 13, 2016 07:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?