Бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси китобдорон — талаби замони муосир

Июль 14, 2016 09:17

 Душанбе, 14.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти пешрафти босуръати илму техника ва технологияи муосир низоми такмили ихтисос имкон медиҳад, ки китобдори имрӯза бо шаклу услубҳои нави хизматрасонӣ ва истифодаи навгониҳои технологияи муосир бештар ошноӣ пайдо намуда,  заминаи воқеии баланд бардоштани сифати фаъолияти касбиро татбиқ намояд. Китобхонаҳои муосир беш аз ҳарвақта ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёзи бештар доранд, зеро эҳтиёҷоти ҷомеа босуръат  тағйир меёбанд ва  воридшавии технологияи муосир, пайдошудани барандаҳои нави иттилоотӣ омилҳои муҳими он ба ҳисоб меравад.
Сиёсати кадрии  соҳаи китобдорӣ тақозо мекунад, ки имрӯз ба омода намудани мутахассисони вобаста ба талаботи замона ҷавобгӯ  равона карда шавад. Дуруст аст, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ нарасидани  кадрҳои соҳаи китобдорӣ ҳалли худро ёфта истодааст, вале масъалаи ғайритахассус фаъолият намудани аксари кормандони китобхонаҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мемонад. Имрӯз муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии соҳаи китобдории  ҷумҳурӣ дар тайёр намудани мутахассисон барои китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ба қадри имкон саҳм мегузоранд, аммо  бо ин тарз ва бо ин теъдод омода намудани кадрҳо  дар солҳои наздик таъмин  намудани китобхонаҳо ғайри имкон аст.  Тахассусҳое, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ таълим дода мешаванд, бояд вобаста ба талаботи ҷомеаи имрӯза мутобиқ ва ҳамоҳанг бошанд. Ҳалли  ин масъала,  пеш аз ҳама, дар ташаккули инфрасохтори таълимии соҳаи китобдорӣ, ки дар он ҷои асосиро шаклҳои бозомӯзӣ ва муттасилаи маълумоти китобдорӣ барои ин гурўҳи кормандони ғайритахассус гиранд, зарурат ба миён омадааст . Бозомӯзии кормандони китобхонаҳо ҳамчун як ҷузъи низоми таҳсили идомаёбанда дар ҳолати кунунӣ ба таҳқиқот зарурат дорад.  Айни замон дар ҷумҳурӣ  1355 китобхонаи давлатӣ-оммавӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо 2851 нафар кормандон фаъолият доранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз инҳо 353 нафар бо маълумоти олии умумӣ (12,3%), олии тахассусӣ 213 нафар (7,4%), миёнаи касбӣ 980 нафар (34,3%) ва бо маълумоти миёнаи таҳсилоти умумӣ 1305 нафар (45,7%) фаъолият мекунанд, ки самаранокии фаъолияти равандҳои китобдориро коста мегардонад. Сатҳи саводнокии аксари кормандони китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ хеле фарқ мекунанд, ки ин боиси нигаронист. Ин вазъ дар китобхонаҳои мактабӣ ва соҳавӣ боз ҳам мураккабтар аст. Аз ин рӯ ташкил намудани раванди бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва тадбири саривақтӣ ба ҳисоб мераванд.
Талаботи рӯзафзуни соҳаи китобдорӣ ба кадрҳои нав, ки қобилияти истифодаи технологияи муосирро дар раванди хизматрасонӣ ба хонандагонро доранд, зарурияти ташкил ва рушди низоми  бозомӯзии касбии кормандони соҳаи китобдориро тақозо мекунад. Бозомӯзии касбӣ ҳамчун омӯзиши кӯтоҳмуддат, аз худ кардани шакли нави фаъолияти касбӣ ва такмили тахассус вобаста ба шароити замон хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии касбӣ барои ҳар як корманди соҳаи китобдорӣ, ки маълумоти олии ғайритахассусӣ доранд, пешбинӣ мешавад.
Китобхона-4  Вазъи имрӯза тақозо мекунад, ки ба низоми азнавтайёркунии касбӣ, ки ҳамчун қисми муҳими таълими муттасили кормандони китобхонаҳо мебошад, аҳамияти махсус бояд дод. Зарурати таълими муттасилаи кормандони китобхонаҳо дар он дида мешавад, ки дар шароити имрӯза гирифтани маълумоти касбӣ дар ин шакли вуҷуддошта аз таҳаввулоти ҷаҳони муосири иттилоотӣ дар раванди фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ рақобатнопазир аст. Бинобар ҳамин тайёр намудани ҳайати кормандони китобхонаҳо масъалаи мубрами муассисаҳои китобдории ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.
Таҳлили таҷрибаи давлатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки дар доираи як маълумоти олӣ мутахассис бо чунин шакли таҳсилот дорои як чанд касб мегардад, ки ин имкон медиҳад, дар замони пешрафти илму техника бозори меҳнат бо мутахассисони соҳибтахассус ва соҳибкасб таъмин карда шавад. Бозомӯзии касбии кормандони ҳамагуна соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеа дар ояндаи наздик ногузир ва амри воқеӣ мебошад, зеро ин талаботи замон ва омили таъмину рушд ва инкишофи ҷомеа хоҳад буд.
Айни замон дар назди Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода факултаи такмили ихтисос фаъолият мекунад, ки дар бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ то андозае саҳм гузошта истодаанд ва дар муддати панҷ соли охир 165 нафар кормандони китобхонаҳо савияи дониши худро такмил додаанд. Дар ин курсҳо барнома ва фанҳое бояд мавриди омӯзиш қарор гиранд, ки бештар самти амалии истифодаи навгониҳои китобдорӣ-иттилоотӣ ва интерактивиро фарогир бошад. Китобдори  имрӯза бо донистани соҳа ва ё чанд мавзӯъ маҳдуд набошад. Бо донистани захираи китобхона ва баъзе қисмати дастгоҳи маълумотдиҳӣ-библиографӣ дар бозори меҳнат рақобатпазирӣ натавон кард. Бинобар ҳамин, имрӯз барои китобхонаҳо мутахассисоне лозиманд, ки ба ҳайси барномарез, равошинос, таҳиякунандагони бонкҳои иттилоотӣ ва  сомонаҳо фаъолият карда тавонанд, ниёз доранд.
Китобхонаи миллиКитобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчун маркази илмӣ-методӣ ва илмӣ- таҳқиқотии китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар таҳияи дастурамалҳо, корҳои илмӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳо нақши калон дорад. Таҳлили вазъ ва омӯзиши дурнамои рушди маълумоти китобдорӣ-иттилоотӣ дар ҳамбастагӣ бо технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ба Китобхонаи миллӣ имконият фароҳам меоварад, ки баъзе аз самтҳои асосии низоми омоданамоӣ, такмили ихтисос ва азнавтайёрнамоии тахассуси кормандони китобхонаҳоро дида бароем. Вобаста ба ин омилҳо дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Маркази такмили ихтисос ҳамчун зерсохтори он ташкил карда шуд, ки фаъолияти худро аз моҳи апрели соли 2012 оғоз намуд. Раванди бозомӯзии касбӣ дар асоси  иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (рақами бақайдгири 1625 №0001193 аз 31.10.2012) тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шудааст. Талабот ва тағйироти  низоми таъминоти кадрӣ дар  фаъолияти китобхонаҳо, ки дар натиҷаи омилҳои ишорашуда ба амал меоянд, аҳамияти бозомӯзии касбии мутахассисонро афзун менамояд. Дар шароити имрӯза бозомӯзии касбии кормандони китобхона яке аз шакли азнавтайёрнамоии мутахассисони соҳаи китобдорӣ самти афзалиятноки фаъолияти Китобхонаи миллӣ ба ҳисоб меравад. Самтҳои асосии фаъолияти марказ ин такмили дониш ва бозомӯзии кормандони китобхонаҳои мамлакат, курсҳои кӯтоҳмуддати сайёр, омӯзиш ва тарғиби донишҳои китобдорӣ-библиографӣ, семинару конфронсҳо ро дар бар мегирад.
Дар давоми фаъолияташ марказ барои курсҳои такмили ихитисос ва бозомӯзӣ чунин барномаҳо ва нақшаҳои таълимиро омода ва таҳия намудаанд: «Такмили ихтисос барои кормандони Китобхонаи миллӣ», «Фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ», «Омӯзиши донишҳои компютерӣ» ва ғайраҳо. Курсҳои мазкурро зиёда аз 700 нафар кормандони Китобхонаи миллӣ ва дигар китобхонаҳо хатм намудаанд, ки шунавандагон ҳангоми аз худ намудани барномаҳои таълимӣ ва гузаштан аз аттестатсия соҳиби сертификат мешаванд ва н ба онҳо имкон медиҳанд, ки дар доираи ихтисосашон  ҳамчун мутахассис фаъолият намоянд.
Китобхона-3Масъалаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар шароити имрӯза омили муҳими рушди соҳа ба ҳисоб меравад, зеро баланд бардоштани такмили ихтисоси китобдорон дар шароити босуръат зиёд шудани иттилоот, тайёр намудани мутахассисони касбии  ҷавобгӯ ба замони имрӯза хеле муҳим аст. Мушклоте ,  ки имрӯз мавриди таваҷҷуҳи мо қарор гирифтааст, воқеан, саривақтӣ ва мубрам аст.
Омӯзишу таҳлилҳои низоми такмили ихтисос ва пешрафти иҷтимоиёту иқтисодиёти ҷомеа, ки барои рушди соҳаи китобдорӣ ва тақвият додани фаъолияти самаранокии китобхонаҳо замина мегардад, чанд таклифҳо пешниҳод менамоем;
— оид ба ҷорӣ намудани низоми ягонаи ташкилу баргузории курсҳои такмили ихтисос ва омӯзишӣ;
— низоми гузаронидани чунин курсҳо барои кормандони китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шавад;
— ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллӣ, зеро ки фаъолияти он ба талаботи имрӯзаи соҳаи китобдорӣ ҷавобгӯ буда,  барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ бо истифодаи аз технологияи муосир дар фаъолияти китобдорӣ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст;
— зарурати ташкил намудани курсҳои олии китобдории дусолаи ғоибона дар назди Китобхонаи миллӣ барои кормандони китобхонаҳое, ки маълумоти ғайритахассусӣ доранд, ин таҷриба дар аксар китобхонаҳои хориҷи кишвар амали маъмулӣ аст;
— байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷа ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро тақвият дода, ташкил намудани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ роҳандозӣ карда шаванд;
— ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ оид ба омӯзиши технологияи иттилоотӣ доир ба раванди автоматикунонии китобдорӣ-иттилоотӣ;
— кормандони китобхонаҳо, махсусан китобхонаҳои давлатӣ-оммавӣ ҳар панҷ сол аз курсҳои бозомӯзӣ гузаранд.
Амалия собит намудааст, ки омили асосии инкишоф ва такомули соҳаи китобдорӣ аз баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбии китобдор вобаста аст. Аз ин ҷост, ки пайваста такмил додани маҳорати касбии китобдор, имрӯз аҳамияти аввалиндараҷа пайдо кардааст.

Гадобек Маҳмудов,
муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 14, 2016 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст