Чаро Шӯрои адлия барҳам дода шуд?

Июль 19, 2016 08:31

Душанбе, 19.07.2016 /АМИТ «Ховар»/. Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии мамлакат, дирӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти мақомоти судии Тоҷикистон дар давоми нимсолаи аввали соли равон дар қатори баррасии мавзӯъҳои дахлдори соҳа, ҳамчунин ба саволҳои журналистон дар хусуси ин ки, чаро Шӯрои адлия барҳам дода шуд, вазифаҳои онро акнун кадом мақомот иҷро мекунад, кормандони аз кор озод шудаи Шӯрои адлия магар бекор монданд, таърихи таъсисёбии Шӯрои адлия аз куҷо сар мешавад, ҷавобҳои қонеъкунанда пешниҳод намуд.

«Бояд гӯям, ки таъсис додани Шӯрои адлия сарчашма мегирифт аз тағйиру иловаҳое, ки соли 1999 ба Конститутсияи мамлакат ворид шуда буданд», — гуфт Ш.Шоҳиён ва чунин шарҳ дод: «Бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар назар дошта шуда буд. То соли 1999 то як дараҷа принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба пуррагӣ, яъне ба се шоха тақсим шудани ҳокимияти давлатӣ таъмин набуд. Иҷрои як қисми масъалаҳои ба фаъолияти мақомоти судӣ дахлдошта ба ӯҳдаи шохаи дигари ҳокимияти давлатӣ — мақомоти иҷроия гузошта шуда буд. Аз ҷумла, Вазорати адлия масъалаҳои таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ташкили фаъолияти судҳо, интихобу ҷобаҷогузории судяҳоро амалӣ мекард. Бинобар ҳамин, соли 1999 таъсис додани Шӯрои адлия маҳз ба хотири таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ ва аз тобеияти мақомоти иҷроия баровардани он буд».

Ба андешаи Ш.Шоҳиён, таъсис додани Шӯрои адлия дар ҳамон давраи ташаккул ва инкишоф додани сохторҳои давлатӣ амали саривақтӣ ва зарурӣ буд. «Ин амал як қадами хеле ҷиддӣ дар самти таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ буд. Бо таъсис додани Шӯрои адлия дар назди он ҳалли масъалаҳои зерин: ташкили фаъолияти мақомоти судӣ, таъминоти моддӣ-техникии судҳо, интихобу ҷобаҷогузории судяҳо, такмили ихтисос ва малакаи касбии судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои суд гузошта шуда буд», — гуфт раиси Суди Олӣ Ш.Шоҳиён.

«Дар баробари ҳамин масъалаи вобаста ба баррасии парвандаҳои судӣ, қабули қарорҳои қонуниву асоснок, таъмини таҷрибаи ягонаи баррасии дурусти парвандаҳо ба Суди Олии мамлакат дахл доштанд. Яъне дар мақомоти судӣ масъалаҳо ба ду қисм тақсим шуда буданд. Як қисм дахл дошт ба Шӯрои адлия ва як қисми дигар — ба Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодии мамлакат, ки албатта чунин тарзи ташкили кор мушкилиҳоро эҷод мекард», — зикр намуд дар идомаи мулоҳизаҳои худ Ш.Шоҳиён.

Як қисми тағйиру иловаҳое, ки аз ҷониби гурӯҳи намояндагони мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар барои ворид кардан ба Конститутсия пешниҳод гардида буданд, ба масъалаи таъмини мустақилияти воқеии ҳокимияти судӣ тааллуқ доштанд. Ба назар гирифта шуд, ки минбаъд дар ташкили кору фаъолияти тамоми масъалаҳои вобаста ба мақомоти судӣ худи мақомоти судӣ машғул бошад, на ин ки сохтори алоҳида.

Гап сари он мерафт, ки Шӯрои адлия мақомоти коллегиявӣ (машваратӣ) буд, ба ҳайати он намояндагони ҳам ҳокимияти иҷроия, ҳам парлумони кишвар, ҳам мақомоти судӣ шомил буданд. Тибқи тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда акнун тамоми масъалаҳои вобаста ба ташкили фаъолияти судҳо, таъминоти моддиву техникӣ, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо ва дигар вазифаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои адлия дахл дошт, акнун ба салоҳияти Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодӣ вогузор карда шудаанд. Бо мақсади амалӣ намудани тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсия ворид шуданд, 9 июни соли 2016 Фармони Президенти мамлакат дар бораи барҳам додани Шӯрои адлия ба имзо расид. Ҳоло Судҳои иқтисодие, ки дар вилоятҳо фаъолият мекунанд, кормандони дастгоҳи Судҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳо бевосита ба Суди Олии иқтисодии ҷумҳурӣ ҳамроҳ шуданд. Ҳамчунин  судҳои шаҳрӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ бо Суди Олӣ якҷоя шуданд.

Ҳамаи он кормандоне, ки дар Шӯрои адлия фаъолият доштанд, ба пуррагӣ дар Суди Олӣ ва Суди олии иқтисодӣ ба кор гирифта шуданд. Аз ҷумла, 35 нафар кормандони собиқи Шӯрои адлия дар сохтори нави Суди Олӣ ба кор қабул гардида, 5 нафари дигари онҳо ба Суди Олии иқтисодӣ ба кор ҷалб карда шуданд.

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии мамлакат оид ба зарурати ин тағйироти сохтории мақомоти судӣ чунин андеша дорад: «Ворид намудани ислоҳот ба системаи мақомоти судии мамлакат дар натиҷаи омӯзишу таҳлилҳо, аз ҷумла омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадами ҷаҳон  амалӣ карда шуд ва ман фикр мекунам, ки ин тадбири зарурӣ мебошад. Зеро ин ислоҳот ба таъмини воқеии мустақилияти судӣ, беҳтар кардани фаъолияти мақомоти судӣ, амалӣ намудани чораҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар мақомоти судӣ мусоидат мекунад. Дар як сохтори муттамарказ фаъолият кардани мақомоти судӣ натиҷа ва самаранокии корро хубтар мекунад».

Ба савол дар хусуси он ки чаро судяҳои мамлакат дар муқоиса бо дигар қишрҳои ҷомеа барвақт ба нафақа гусел карда мешаванд (ин тағийрот низ ба наздикӣ қабул гардид), Ш.Шоҳиён посух дод, ки «дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ, ғайр аз судҳои иқтисодӣ, 401 нафар судяҳо ва дар Суди Олӣ 42 нафар судяҳо фаъолият мекунад. Аксари сокинони мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд ва моро зарур аст барои фаъолияти кории онҳо дар мақомоти судии кишвар шароит ва имконият фароҳам оварем, бинобар ҳамин ба нафақа гусел кардани судяҳо ва ҷавонтар кардани синну соли ҳайати кадрӣ амали дуруст мебошад», — шарҳ дод Ш.Шоҳиён.

Дар нишасти матбуотии раиси Суди Олии мамлакат зикр карда шуд, ки дар давраи нимсолаи аввал 207 муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба ҳаракатҳои судяҳо ва кормандони дастгоҳҳои судҳо баррасӣ шуданд. Аз ин муроҷиати шаҳрвандон 44 ҳолати он оид ба сари вақт баррасӣ накардани парвандаҳо, 5 ҳолат оид ба иҷро нашудани санадҳои судӣ ва 158 ҳолати дигар ба самтҳои дигари фаъолияти судяҳо дахл доштанд.

Умуман, барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ амали 40 нафар судяҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, бинобар содир намудани рафторе, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, нисбат ба 9 нафари онҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шуданд.

Раиси Суди Олӣ ҳамчунин аз ҷинояти нобахшиданӣ содир кардани яке аз судяҳо, ки ҳангоми гирифтани пора дастгир шуда буд, бо таассуф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ба порагирон ва тамаъҷӯён дар сафи мақомоти судии кишвар ҷой дода намешавад.

А.Сангзода

Июль 19, 2016 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?