Дар Фестивали байналмилалии гурӯҳҳои хорӣ дар Чин ҳунармандони тоҷик иштирок доранд

Июль 29, 2016 16:32

Душанбе, 29.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи ҳамсароёни Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо роҳбарии директори театр  Манучеҳр Шарифзода, роҳбари бадеӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Адҳам Холиқов  ва сархормейстери театр Елена Тиллоева дар 13-умин Фестивали байналмилалии гурӯҳҳои хорӣ, ки аз  24 то 30 июли соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин  шаҳри Пекин баргузор мегардад, иштирок доранд.
Тавре Толиб Норов, сармутахассиси раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, фестивал  бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин ба муносибати 15-солагии ташкили Созмони Ҳамкории Шанхай, бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ байни кишварҳои аъзо ва нозир баргузор гардида,  ба он ҳунармандони кишварҳои аъзо даъват шудаанд.
«Ҳунармандони мо ду маротиба дар назди иштирокдорони фестивал баромад намуданд», — илова намуд  Т. Норов.

Июль 29, 2016 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст