Дар ноҳияи Б. Ғафуров 17 маркази таълимӣ-истеҳсолӣ фаъолият доранд

Июль 26, 2016 16:14

Б. Ғафуров, 26.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар яке аз калонтарин ноҳияҳои шимоли кишвар  Бобоҷон Ғафуров баҳри соҳибкасб намудани занону духтарони хонашин ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо корҳои назаррас   анҷом дода шудааст.
Дар айни замон дар ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия 17 маркази дӯзандагӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 160 адад мошинаҳои дарздӯзӣ насб гардида, 200 нафар занон ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» масъулини бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, дар ҳудуди ноҳия 17 маркази таълимӣ-истеҳсолии атласу адрасбофӣ таъсис дода шудааст, ки дар онҳо 128 адад дастгоҳҳо насб гардидаанд. Ин марказҳо 172 нафар занону духтаронро ба шуғли доимӣ фаро мегирад, ки то ба имрӯз аз ҷониби онҳо 4810 метр матоъ истеҳсол шудааст.

Июль 26, 2016 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд