Дар ноҳияи Деваштич конфронси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон доир гардид

Июль 22, 2016 17:01

Деваштич, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Маҳз самараи сулҳу  ваҳдат аст, ки тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ дар ҳамаи манотиқи кишвар вусъат ёфта, нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ боло меравад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар мешавад»,- зикр гардид дар конфронси Ҳаракати  ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич.
Аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва  робита бо ҷомеаи  дастгоҳи раиси ноҳия Зиёдулло Турдиев дар бораи фаъолияти  Шӯрои ноҳиявии ҳаракати Вахдати миллӣ ва эҳёи  Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2016  маърӯза карда,  зикр кард, ки бахши ноҳиявии Ҳаракати  ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси  Шӯрои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собитқадамона  амалӣ намуда, чорабиниҳои зиёди оммавию сиёсиро баҳри ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолият, таъмини оромию осоиштагӣ ва сулҳу Ваҳдати пойдор, ки асоси пешравиҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, баргузор менамояд.
Дар конфронс инчунин бинобар ба амал омадани тағйироти кадрӣ ба ҳайати Шӯрои ҷамъиятӣ ва Шӯрои кӯҳансолон иловаҳо ворид карда шуд. Ҳамчунин вазифаҳои навбатӣ баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 — солагии тасисёбии Ҳаракати ваҳдати миллӣ тарҳрезӣ гардиданд. Иштирокчиёни конфронс ба кулли сокинони ноҳия Муроҷиатнома қабул намуданд, ки ҳадафи асосии он вусъат  бахшидани фаъолияти  ҷамоатчигӣ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна  ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро мебошад.

Июль 22, 2016 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд