Дар вилояти Хатлон дар 5 соли оянда 365 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ сохта ба истифода дода мешаванд

Июль 22, 2016 09:33

Душанбе, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар вилояти Хатлон 128 муассисаи томактабӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 15 987 нафар кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин 728 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 16613 нафар кӯдакон фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ 32 600 нафар кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро мегиранд.
Дар ин бора аз раёсати маориф дар вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои таълимии томактабӣ ва ҳарчи бештар фаро гирифтани кӯдакон ба онҳо нақшаи тадбирҳо ҷиҳати ташкили корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Тибқи қарори раиси вилояти Хатлон дар бораи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014- 2020» ва нақшаи дурнамои таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ бояд дар вилоят то соли 2020 365 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ сохта ба истифода дода шаванд.

Июль 22, 2016 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд