Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат вобаста ба байналмилаликунонии мақоми донишкада тадбирҳои мушаххас меандешад

Июль 23, 2016 09:08

Душанбе, 23.07.2016. /АМИТ «Ховар»/.  «Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар самти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ корҳои зиёдеро анҷом додааст. Дар шашмоҳаи аввали соли равон тадқиқоти илмӣ, таҳияи китобҳои дарсию методӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ пешравиҳо ба мушоҳида расида, устодони донишкада нисбат ба дигар солҳо дар омодасозии дастуру воситаҳои таълимӣ нақши назаррас гузоштанд»,- гуфта шуд дирӯз зимни нишасти хабарӣ дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат.
Ҳамчунин иброз гардид, ки дар нимаи аввали соли равон Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат фаъолияташро дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо- Темпус «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ доир ба масоили робитаҳои байналмилалӣ» (Development and improvement of the University Administration on International Affairs) самаранок идома дода, дар ин самт вобаста ба байналмилаликунонии мақоми донишкада, такмили идоракунии робитаҳои хориҷӣ ва дар оянда ҳамроҳ шудан ба рейтинги байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.
Бояд гуфт, ки  донишкада  дар ин давра 6 монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 16 дастури методӣ, 18 васоити таълимӣ, 234 мақолаи илмӣ , 34 фишурда ва 38 мақолаи илмӣ-оммавӣ  дар маҷмӯъ 349 номгӯй маводро  аз чоп баровардааст.

Июль 23, 2016 09:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад