Форуми соҳибкорони мамлакат ва намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти «Хатлон-2016» баргузор гардид

Июль 22, 2016 13:33

Кӯлоб, 22.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб Форуми соҳибкорони мамлакат ва Намоишгоҳи минтақавии молу маҳсулоти «Хатлон-2016» баргузор шуд.
Дар кори Форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон, роҳбарияти вилояти Хатлон ва дигар вилоятҳо, бахши хусусӣ, ширкатҳои ватанию хориҷӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, ассотсиатсияҳо ва ташкилотҳои касбӣ, созмонҳои байналмилалию молиявӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим зикр карданд, ки баргузории форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ барои иштирокчиёни он имкониятҳои фарохеро барои муколама, баррасӣ ва дарёфти роҳҳои ҳалли муҳимтарин масоил ва мушкилоти иқтисодӣ фароҳам меорад. Чунин форумҳо барои густариш ёфтани ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни кишварҳо, минтақаҳо, байни соҳибкорону сармоягузорон мусоидат менамоянд.
Ба иштирокдорони форум филми мустанад оид ба иқтидори иқтисодии вилояти Хатлон намоиш дода шуд.
Дар анҷоми қисмати расмии форум маросими баимзорасонии созишномаҳо ва ёддоштҳои ҳамкорӣ, супоридани сертификатҳо ва  ҷоизасупории ғолибони озмуни «Маҳсулоти беҳтарин»  доир гардид.
Дар ҷаласаҳои бахшҳои  алоҳидаи форум мавзӯъҳои ба имкониятҳои истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва тавсеаи содирот, бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат дар корхонаҳои саноатӣ, имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ ва муосиргардонии хизматрасониҳои логистикӣ ва рушди минбаъдаи занҷираи арзиши иловашуда дар бахши кишоварзӣ, муаррифии имкониятҳои истеҳсоли неруи энергетикӣ дар вилояти Хатлон ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтидорҳои фаъолияткунандаи энергетикӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар инфрасохтори энергетикӣ ва рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ, нархгузорӣ дар сохтмон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Иштирокдорон ҳамчунин мавзеъҳои таърихиву фарҳангии вилояти Хатлон, истифодаи самараноки имкониятҳои сайёҳии вилояти Хатлон барои ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ва монеаҳои рушди бахши сайёҳӣ дар вилояти Хатлон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Пас аз баррасии масъалаҳо дар бахшҳои асосӣ натиҷаи кори Форум ҷамъбаст ва вобаста ба он аз тарафи иштирокчиён Изҳороти Форум қабул карда шуд.
Дар доираи Форум меҳмонон ва иштирокчиёни аз намоишгоҳи молу маҳсулоте, ки аз тарафи соҳибкорони ватанию хориҷӣ ба маърази намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд. Бояд зикр кард, ки ба маърази тамошо 22 намуди молу маҳсулот ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумӣ аз манотиқи мухталифи кишвар ва як қатор давлатҳои  хориҷа — Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Беларус, ҳамчунин масолеҳи сохтмонии воридотивазкунанда пешкаш карда шуданд.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии шаҳри бостонии Кӯлоб, Осорхонаи 2700-солагии шаҳр ва мақбараи яке аз шахсиятҳои барҷастаи аҳли ирфони олами шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карданд.

Июль 22, 2016 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид